Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирони ИДМ дар мониторинги интихобот ба парлумони Туркманистон, ки ба санаи 15-уми декабри соли равон таъин шудааст, ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии Туркманистон сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев ва узви КМИР ҶТ Ҷамшед Ҷамшедов шомил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 15-уми декабр дар Туркманистон интихобот ба Маҷлиси (парламент) даъвати панҷум доир мегардад. Бори нахуст дар таърихи кишвар парлумон дуҳизбӣ мешавад. Барои курсиҳо дар парлумони кишвар ду ҳизб – Ҳизби демократии Туркманистон ва Ҳизби саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон рақобат мекунанд.