Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод кардани Зикрихудо Самадов пешниҳод ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Самадов бинобар сабаби қаблан аз ҷониби президент ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ таъин шуданаш, аз ин вазифа сабукдӯш мегардад.

«Президент ҳамчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ номзадии Акрамхон Кӯчакшоевро, ки қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Ишкошими ВАМКБ ифои вазифа мекард, ба вазифаи сарудитори Палатаи ҳисоби ҶТ пешниҳод кард», - гуфт манбаъ.