Имрӯз дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон таҳти унвони «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ: дастовард ва мушкилот» форуми ҷамъиятӣ ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тотористон ва Агентии федералии «Россотрудничество» бо ташаббуси «Муколамаи авруосиёӣ»-и назди Маҳфили парлумонии аврупоии Русия созмон дода мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи форум, дар кори форум иштироки раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Русия ва кишварҳои хориҷӣ, коршиносону олимон, сиёсатмадорони Русияву Қазоқистон ва Белорус ва ҳамчунин нозирон аз кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Барои иштирок дар ин форум ҳамчунин намояндагони Тоҷикистон низ даъват шудаанд. Дар форум Тоҷикистонро раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва роҳбари ТҒД «Муколамаи тамаддунҳо» Иброҳим Усмонов намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар форум масоили таҳкими муносибатҳо миёни кишарҳо дар сатҳи байнулмилалӣ, рушди зербинои воҳид дар паҳнои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс дар бахшҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг, рушди соҳибкорӣ дар паҳнои Иттиҳод, робитаҳои иқтисодии беруна дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ, инкишофи бозори моликияти зеҳнӣ, таҳкими робитаҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.