Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела ба президенти ин кишвар Ҷейкоб Зума барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «номи Нелсон Мандела, ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буда, рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ дарҳам зада натавонистанд, ҳамеша намунаи волотарин ва қавитарини иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳанд монд».

«Барандаи мукофоти сулҳи Нобел барои ватанаш зист, вале кору пайкори ӯро башарият дурахшандатарин рамзи зиндагонии озоди Бани Одам донист ва ҷои ин бузургмард дар дилу дидаҳои мо ҳамеша холӣ хоҳад буд.», - омадааст дар барқия.