Дар масъалаҳои демократикунонии ҷомеа, баргузории интихоботи дарвоқеъ демократӣ, мунсифона ва шаффоф ҳукуматдорони Тоҷикистон нодида гирифтани андешаи рақибони маҳаллии худро афзалтар дониста, бештар ба назари созмонҳои байнулмилалие чун Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ), Иттиҳоди Аврупо ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Чунин ибрози андеша намуд ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунист ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов дар робита ба баррасии лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон.

«Мо, вакилони парлумон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тайи чандин соли ахир борҳо коҳиш додани ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои номзадҳои имконпазирро пешниҳод намуда будем, то ки ба олимону зиёиён барои вакили парлумон шудан имконияти зиёдтар дода шавад, вале ба мо гӯш надоданд. Акнун САҲА/ДИДҲБ тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ расман чунин пешниҳодро ироа дошта ва он дарҳол ба инобат гирифта шуд», - шикоят кард Шабдолов.

Ӯ зикр кард, ки то замони ба қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ ворид нашудани тағйирот дар самти дақиқан муайян кардани ҷараёни овоздиҳӣ ва ҳисобкунии овозҳо, наметавон дар бораи пешравии ҷиддӣ дар ин самт ҳарф зад.

Ёдрас мекунем, ки аҳзоби айни замон мухолиф ба ҳукумати ҷумҳурӣ – Ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократии Тоҷикистон чандин маротиба пешниҳод карданд, ки ба ҳайати комиссияҳои қитъавии интихоботӣ шомил гардидани намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ тибқи қонун тасдиқ карда шавад, вале ин пешниҳод бо сабабҳои гуногун мудом рад мешавад.