Адиби маъруфи колумбиягӣ Габриэл Гарсиа Маркес дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин робита президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос дар кишвар се рӯзи мотам эълон кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти бузург, марги адиби машҳур, доранлаи Ҷоизаи Нобел ва классики адабиёти муосир Габриэл Гарсияи Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар асарҳои адиб ба таври ҳайратомез воқеият ва тахайюлот ба ҳам меоянд. Онҳо гузаштаву имрӯза ва ояндаро ба ҳам васл мекунанд.

«Моҳияти фалсафаи умумиинсонӣ ва ҷаҳонии Маркес дар он ифода меёбад, ки ӯ мудом ба инсон бобати таъиноташ дар сайёраи Замин, башардӯстӣ ва олиҳиматӣ, покии маънавӣ, зарурати зистан дар сулҳу созиш ёдовар мешуд», - омадааст дар барқия.

Габриэл Гарсиа Маркес навиандаи машҳури Колумбия, журналист, ношир ва арбоби сиёсӣ буда, соли 1982 ба ҷоизаи Нобел лар бахши адабиёт шарафёб гардид.