Рӯзи 18-уми апрели соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Коикэро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, энергетика ва обтаъминкунӣ мубодилаи афкор намуданд