Сиёсатшиноси тоҷик Абдулло Раҳнамо бар ин назар аст, ки хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомии НАТО аз Афғонистон ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар начандон таъсире хоҳад гузошт.

Коршинос мутмаин аст, ки набояд ба воҳима афтод, ки ояндаи наздик дар кишвари ҳамсоя толибон сари ҳокимият меоянд ва кишвар ба нооромиву сардаргумӣ печида, он ба бад шудани вазъ дар тамоми минтақа боис мегардад.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» Раҳнамо таъкид дошт, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон танҳо дар чанде аз минтақаҳои ин кишвар бад шудани вазъ аз эҳтимол дур нест. «Дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шояд гурӯҳҳои хурди тундгарои аз ҳисоби шаҳрвандони ИДМ амалкунанда низ каме фаъолтар шаванд», - чунин мешуморад сиёсатшинос.

Ӯ зикр кард, ки дар нишастҳои чанде қабли СҲШ ва СААД сарони кишварҳои узви ин созмонҳо изҳор карданд, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон метавон аз рӯйи кор омадани таҳдидҳои муайяне интизорӣ дошт ва ба ҳама гуна сурат гирифтани ҷараёни рӯйдод дар ин кишвар мебояд омода шуд.

«Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба тағйирёбии вазъ дар минтақа омода бошем, вале дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон набояд ба воҳима афтоду ҳаросон шуд», - афзуд коршинос.