Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба имзо мерасад.

Президенти Русия Владимир Путин ба Остона омада, имрӯз дар ин ҷо ҷаласаи Шӯрои Олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – мақоми асосии Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодии Русия, Беларус ва Қазоқистон доир мегардад.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи мазкур имзои Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва то ахири соли ҷорӣ тасдиқ шудани он аз ҷониби парлумонҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон дар назар буда, аз 1-уми январи соли 2015 Иттиҳоди Авруосиё ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Владимир Путин, Александр Лукшенко ва Нурсултон Назарбоев ҳамчунин масъалаи имкони тавсеъаи иттиҳоди мазкурро, ки ба он Арманистону Тоҷикистон ва Қирғизистон низ шомил шуданианд, низ баррасӣ хоҳанд кард.