Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Эдуард Ауэрро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва масоили минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Эдуард Ауэр аз замони фаъолияти дипломатии худ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандию хушӣ карда, таъкид дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишвари мо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.