Академики ӯзбек Рустамҷон Абдуллоев муаллифи мақолаи чанде қабл дар торнамои Centrasia.ru нашршударо, ки дар он ба бомбаборон кардани сарбанди Роғун даъват мешавад, рад мекунад .

Дар муроҷиат ба раҳбарияти торнамо Абдуллоев қайд мекунад, ки дар ин сомона беш аз 20 мақолаи ӯ дар мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба нашр расидаааст, ки барои ин аз онҳо хеле миннатпазир аст.

«Шояд аз ин рӯ санаи 4-уми август дар торнамои шумо боз як мақолае таҳти унвони «Узбекистан должен предпринять срочные меры для укрепления своей гегемонии в ЦАР, - академик Р.Абдуллаев  бо зикри номи ман ҳамчун муаллиф ба табъ расидааст, вале ман муаллифи ин мақола нестам ва онро ба унвони Шумо фиристода наметавонистам», - зикр мегардад дар раддияи академик.

Абдуллоев дархост мекунад, ки дар бораи муаллифи мақола набудани ӯ ва асоси воқеӣ надоштани ин далел раддияи дахлдор нашр карда шавад, «яъне дар бораи он ки ман муаллифи мақола нестам ва агар имкон бошад, он аз торнамо хориҷ гардад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта доктори улуми иқтисод, академик аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев дар мақолаи   интишоршуда дар торнамои Centrasia.ru  аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, ки ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон ултиматум гузорад: «Ё ба сохтмони сарбанди худ хотима бахшед ё мо маҷбурем, ки чораҳои қатъӣ биандешем!».

Дар идомаи мавод академик менависад, ки агар ультиматум бидуни посух монад, «пас Ӯзбекистонро лозим аст, ки ба дараи Роғун ҳавопаймоҳои сершумори бомбафкани худро саафарбар намуда, сарбандро мавриди бомбаандозӣ бо бомбҳои муосир қарор бидиҳад». Дар баробари ин ӯ ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки ба артиши Тоҷикистон аз вилояти Сурхондарё бо самти Турсунзода – Ҳисор – Душанбе зарбаи огоҳкунанда расонида шавад.

Дар ҳамин ҳол, ин мақолаи пурсарусадо то ҳанӯз аз торнамои Centrasia.ru хориҷ карда нашудааст.