Имрӯз зимни қабули эътимодномаҳо аз сафирони тозатаъини як қатор кишварҳои хориҷӣ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор кард, ки Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратӣ ва сармоягзори асосии Тоҷикистон гаштааст.

«Қазоқистон Тоҷикистонро шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ шуморида, мо шарики бузурги тиҷоратӣ ва сармоягузори асоси ин кишвар мебошем. Имрӯз ҳаҷми сармоягузории Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 125 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар Тоҷикистон ҳудуди 40 корхона бо иштироки сармояи Қазоқистон фаъолият доранд. Сарфи назар аз ин, афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ва густариши бахшҳои ҳамкорӣ зарур аст», - гуфтааст Назарбоев.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, Назарбоев қайд кардааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба дар бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмон ва саноати хӯрокворӣ манфиатдор аст.

Қобили зикр аст, ки дар баробари сафирони дигар кишварҳои хориҷӣ, имрӯз сафири нави Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода низ ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эътимоднома супурд.