Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони дафтари кории нави бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ва ҷуброни маблағи арзиши бинои қаблан рӯзи 17-уми июн тахрибгардида омодагӣ изҳор намуд.

Раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл муовини раиси шаҳри Хуҷанд Додоҷон Абдуллоев зимни суҳбат бо ӯ гуфтааст, ки ҳукуматдорони шаҳр барои сохтмони дафтари кории нави ҲНИТ ба онҳо панҷ қитъаи заминро барои интихоб пешниҳод мекунанд.

«Ғайр аз ин, ҳукуматдорони шаҳр изҳор намуданд, ки барои тахриб гардидани бинои пешинаи дафтари кории ҲНИТ дар вилояти Суғд омодаанд, ки ба сифати ҷуброни арзиши он 636 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кунанд», - қайд кард Ёқубов.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор намуда буд, ки барои тахриби бинои дафтари кориаш дар маркази маъмурии вилоят имрӯз, 12-уми август аз болои мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба додгоҳ шикоят бурданист.