Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, имрӯз ба фаъолияти ду корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз мебахшад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, имрӯз сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи муштараки «ВТ-силк»-и Тоҷикистону Ветнам пас аз таъмиру азнавсозӣ аз наздик ошно гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави ҶДММ «Нанотех-М» иштирок мекунад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти андози Раёсати андоз дар вилояти Суғд шинос мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони бинои нави ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин карда шудааст.

Бинои нави мактаб дорои 14 синфхона ва 360 ҷойи нишаст буда, дар ду баст 720 нафар хонандаро бо таҳсил фаро мегирад. Дар ин мактаб 45 омӯзгор фаъолият дорад, ки аз он 40 нафар занон ва 22 кас мутахассисони ҷавон мебошанд.