Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 20 августи соли 2014 дар шаҳри Норак Рӯзҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва ҷамъбасти озмуни Ҷоизаи «Фаъолону ҷонибдорони беҳтарини  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ба китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»  китоби президенти Тоҷикистон, раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро бо соядасти сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ супорид. Дар суханрониҳои худ раиси КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон  Аҳмадҷон Ализода,раиси шаҳри Норак, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Миралӣ Раҷабзода вобаста ба таърих, дастовардҳои ҳизб дар тӯли 20 сол ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки бояд ҳар аъзои ҳизб мутафиқона тамоми кӯшишу ғайраташро баҳри амалӣ гардондани нақшаву барномаҳои воқеиии ҲХДТ равона намуда, ҷиҳати ба  ҳадафҳои созандаи ҳизб ноил гардидан саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷоми Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Норак дар боғи марказии шаҳр барномаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ ва  Намоишгоҳи дастовардҳо доир гардида, ба ғолибони озмуни «Фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ» Ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.