Дар кори анҷумани навбатии XII-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки санаи 13-уми декабр дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир мегардад, беш аз 1 ҳазор 200 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар анҷуман ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ, ҳамчунин аз фаъолияти 20-солаи ҳизб низ натиҷагирӣ мешавад.

«Чун яке аз чорабиниҳои асосии анҷуман таҷлили ҷашни 20-солагии таъсис ҲХДТ аст, айни замон масъалаи ба анҷуман даъват кардани ҳайатҳои як қатор ҳизбҳои ҳоким дар ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дорад», - қайд кард вай.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.