Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба ноҳияи Ёвони сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар даромадгоҳи ноҳия Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти ноҳияву вилоят ва масъулини дигар самимона истиқбол гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар канори роҳи даромадгоҳи ноҳияи Ёвон бо иштироки президенти кишвар ва тариқи ҳашари умумӣ ба бунёди боғи нави дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд. Сарвари давлат як ниҳоли дарахти дарозумри сояафкан шинонда, ба бунёди боғи нав оғоз бахшид. Барои иштирок дар ҳашари ниҳолшинонӣ наздики ҳазор нафар аз сокинони деҳоти атрофи ин ноҳия ҷамъ омаданд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими ин мавзеъ мутобиқ шинонда мешаванд.

Гуфта мешавад, зимни ин сафар як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда шуда, ба оғози сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ асос гузошта мешавад.