Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бори навбатӣ бо ҷавонон мулоқот ороста, дар он оид ба мушкилот дар олами ислом  ва сабабҳои пайдоиши онҳо изҳори назар кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Кабирӣ зикр кард, ки иллати аслии пайдоиши мушкилот дар олами ислом камбуди маърифтаи мусалмонҳост.

«Имрӯз ҷанг дар олами Ислом аст, фақр дар олами ислом аст, мушкилоти сиёсӣ дар олами Ислом аст ва аз ҳама ҳукуматҳои диктаториву худкома дар олами ислом аст», - таъкид дошт раиси ҲНИТ. - Ҳамеша мегӯем, ки моро дигарон ҷанг меандозанд. Моро дигарон мусаллаҳ мекунанд. Аммо боре савол намегузорем, ки чаро дигарон метавонанд моро бо ҳам ҷанг андозанд, моро дар муқобили худ қарор диҳанд».

Кабирӣ ҳамчунин зикр кард, ки «мо бояд ҷасорат дошта бошем, ки ин саволро ба худ бидиҳем ва баргардему замони садри исломро нигоҳ кунем. Даврони тиллоии таърихи Исломро мурур кунем ва бубинем, ки мусалмонон чиқадар каромату иззат доштанд».

«Шоҳи Британия дар гузашта аз раҳбари мусалмонон мехоҳад, ки ҳайати онҳоро бипазирад ва ба онҳо омӯзиш бидиҳанд. Вале ҳоло мо аз кишварҳои дигар хоҳишу таманно мекунем, ки донишҷӯёни моро бипазиранд ва ба мо грант бидиҳанд барои омӯзиш ва таълим. Пас маълум мешавад, ки мушкил дар ислом нест. Мушкил дар мо мусалмонҳост», - иброз дошт зимни мулоқот Кабирӣ.