Чанде қабл президенти Турманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ ба пойтахти ин кишвар - шаҳри Ашқобод ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Турманистон (TDN), Қоҳир Расулзода ба президенти Туркманистон паёми шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишвари дӯсти Туркманистон ҳамаҷониба манфиатдор аст.

Президенти Туркманистон хислати муколамаи созанда ва пурсамари муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуда, изҳор кард, ки Туркманистон ба густариши минбаъдаи шарикии барои тарафйн судманд бо кишвари ҳамсоя омода аст.

«Дар ҷараёни мулоқот нахуствазири Тоҷикистон манфиатдории кишварашро ба бештар фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт изҳор дошт, ки амалисозии лоиҳаи бузурги сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ба он такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», - баён мегардад дар иттилои агентӣ.

Гуфта мешавад, президенти Туркманистон ва нахуствазири Тоҷикистон изҳори итминон краданд, ки бо назардошти самти пешгирифтаи густариши шарикии барои тарафайн судманд ҳам миёни кишварҳо ва ҳам дар доираи созмонҳову сохторҳои байнулмилалӣ, муколамаи дуҷониба минбаъд низ дар рӯҳияи созандагӣ идома хоҳад ёфт.