- Мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надорад, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбари бахши ҲКТ дар вилояти Суғд Абдуалӣ Маҳкамов муддати тӯлонӣ бемор буд ва ахири моҳи августи соли ҷорӣ ба раҳбарият ҳизб муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки бинобар сабаби вазъи солимиаш ӯро аз вазифа озод намоянд.

«Кумитаи маркзии ҲКТ он замон тасмим гирифт, ки нимаи моҳи сентябр оид ба ин масъала пленуми бахши вилоятии ҳизб даъват карда шавад, вале 11-уми сентябр як гурӯҳ шахсон пленмуро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуда, А.Аҳмедовро ба вазифаи котиби якуми Кумитаи вилоятии ҳизб интихоб карданд», - иброз дошт Талбаков.

Вакили парлумон мегӯяд, мутобиқи оинномаи ҲКТ, роҳбарони бахшҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб бидуни мувофиқа бо Кумитаи марказии ҲКТ интихоб шуда наметавонанд, вале дар ин маврид ин муқаррарот ба инобат гирифта нашудааст.

«Рӯзи 27-уми сентябр президиуми Кумитаи марказии ҲКТ қарори зикршудаи пленуми коммунистони Суғдро бекор карда, раҳбарии бахши вилоятии ҳизбро ба дӯши котиби баҳши ҲКТ дар шаҳри Хуҷанд Мубинҷон Маҳмудов вогузор намуд ва аз ин қарор ҳамаи аъзои ҳизб дар тамоми минтақаҳои кишвар огоҳ карда шуданд, вале Аҳмедов ошкоро мегӯяд, ки ин қарорро иҷро карданӣ нест», - таъкид дошт котиби ҲКТ.

Дар идома ӯ зикр кард, ки А.Аҳмедов давоми солҳои 2005-2010 аз ҲКТ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, лекин барнома ва мавқеи ҳизбро дар парлумон ҷонибдорӣ намекард ва мувофиқи эътирофи худи ӯ, муддати 5 соли ахир ҳаққулузвияти ҳизбиро ҳам насупурда, дар ягон чорабинии ҲКТ иштирок накардааст.

«Тайи ду-се соли ахир коммунистони Суғд як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ доир намуданд, аз ҷумла ба барқарор ва ба ҷойи дигар кӯчонидани муҷассамаи аз ҷониби ҳукумат дар маркази шаҳри Хуҷанд тахрибшудаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин ноил гардиданд, ба ифтихори 100-солагии котиби якуми КМ ҲКТ Ҷаббор Расулов чорабинӣ гузарониданд, вале Аҳмедов дар ҳеҷ кадоме аз ин чорабиниҳо иштирок надошт», - зикр кард Талбаков.

Котиби ҲКТ изҳор намуд, ки Аҳмедов чандин маротиба гуфтааст, ки ӯро ба вазифаи роҳбарии коммунистони Суғд таъин кардаанд, вале аз ҷониби маҳз кӣ таъин шуданаш ҳарфе намегӯяд.

«Аҳмедов ва атрофиёни наздики ӯ бо супориши кадом як гурӯҳҳое миёни коммунистони Тоҷикистон ҷудоӣ андохтанианд, вале чунин талошҳо алайҳи ҲКТ ҳамеша ба нокомӣ анҷом ёфтаанд ва имрӯз комисиияи махсуси таъсисёфтаи Кумитаи марказии ҲКТ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст. Ояндаи наздик аз рӯйи ин масъала пленуми муштараки Кумитаи марказии ҲКТ ва бахши Кумитаи ҳизб дар вилояти Суғд даъват карда мешавад», - афзуд Исмоил Талбаков.