Рӯзи 21 ноябри соли равон дар доираи сафари расмии худ ба Исломобод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои амният, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ табодули назар сурат гирифта, ба татбиқи қарордодҳое, ки зимни сафари расмии сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.  

Ба иттилои мнабаъ, ҷонибҳо инчунин вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.

Худи ҳамин рӯз дар Исломобод вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ мусоҳибон аз ҳамкории судманди ду кишвар дар соҳаи энергетика изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, то чунин ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавӣ давом диҳанд.