Шоми рӯзи чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза ба Турманистон раҳсипор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзои бастаи нави созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

«Сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон ба масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои иқтисод, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамчунин атрофи густариши бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва бахши иҷтимоӣ низ табодули назар хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии ахири президенти Туркманистон ба Душанбе (5 майи соли 2014) ва гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон  миёни кишварҳо 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.