Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳриТошканд қарор дорад, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои самтҳои он, аз ҷумла дар ҳошияи ИДМ-ро баррасӣ намуда, оид ба проблемаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ имрӯз дар шаҳри Тошканд доир гардида, дар он баррасии лоиҳаҳои 16 санади марбут ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳод дар бахшҳои мухталиф дар назар аст.