Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои Халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти раёсати роҳбари гурӯҳ Пан Юнхе, ки бо сафари кори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров қайд кардааст, ки дар миёни шарикони муҳими тиҷоратии мо Хитой ҳамоно дар мақоми аввал қарор дорад ва дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори бузург ба шумор меравад.

Зуҳуров ба ҳамсуҳбати худ итминон додааст, ки Тоҷикистон ҷараёни корҳои ҳавасмандгардониро барои ҷалби бештари ширкатҳои хитоӣ ба Тоҷикистон идома ва барои ин фазои мусоиди сармоягузориро ҷонибдорӣ ва таъмин намуда, дар ин замина ташаббусҳои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Хитой ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳад кард.

«Бо назардошти он, ки мубодилаи тиҷоратии дуҷонибаи мо дар соли гузашта дар натиҷаи равандҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба андозаи 30% коҳиш ёфт, мо омода ҳастем, ки барои дар соли 2020 то 3 миллиард доллари амрикоӣ расонидани табодули тиҷоратии дуҷониба тадбирҳои муштарак андешем», - иброз доштааст Зуҳуров.

Бино ба маълумоти оморӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин беш аз 885 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 11% бештар аст.

«Қабл аз ҳама, мо ният дорем, ки таваҷҷуҳи бештар ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лимон, хурмо, ангур ва дигар навъҳои меваю сабзавоти тару тозаро ба Хитой тақвият бахшем, - гуфтааст Зуҳуров. - Мо ба имзои Протоколи талаботи фитосанитарии байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантинии маҳсулоти Хитой дар рӯзҳои наздик умедвор ҳастем».

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону-Чин дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.