Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки баъди ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шудани Ҳиндустону Покистон, Созмон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.

Бино ба маълумоти ТАСС, Назарбоев зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ изҳор доштааст, ки «басо рамзист, ки 12 сол пеш маҳз дар Остона дар бораи ба ду кишвар - Ҳиндустону Покистон додани мақоми нозир дар Созмон қарорҳо ба имзо расида буданд ва аз нигоҳи таърихӣ муҳим будани ҷаласаи мо дар он ифода меёбад, ки ин кишварҳо бои нахуст дар Созмони мо иштирок мекунанд ва Созмон васеъ мешавад».

«Акнун минтақаи зери масъулияти СҲШ қаламрави дорои аҳолии беш аз 3 млрд нафарро фаро мегирад, ки дар он ҳудуди сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон истеҳсол мешавад, - таъкид доштааст Назарбоев. - Ҳамин тариқ, Созмон ба марҳилаи нави рушди ниҳодии худ акнун ҳамчун «Ҳаштгонаи Шанхай» қадам мегузорад».

Ба андешаи президенти Қазоқистон, «қабули аъзои нав ба рушди Созмон такони нави ҷиддӣ бахшида, ба болоравии нуфузи байнулмилалии он мусоидат мекунад».