Дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ, ки рӯзи 1-уми март баргузор мешавад, 7 ҳизби сиёсӣ иштирок мекунанд. Ин аҳзоб аз Ҳизби коммунистӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ иборатанд.

Амалан, ҳамаи ҳизбҳои мазкур, ба ғайр аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, таҷрибаи кор дар парлумонро доранд.

Дар парлумони даъвати охирин Ҳизби коммунистӣ, қадимтарин созмони сиёсии Тоҷикистон бо собиқаи қариб 100-сола ҳадди панҷдарсадиро нагузашт.

Дар мақолаи мазкур мо фақат ҷанбаи иқтисодиву иҷтимоии барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсиро мавриди таҳлил қарор медиҳем, зеро дар чаҳорчӯби як мақола тамоми ҷанбаҳоеро, ки дар ҳуҷҷатҳои 7 ҳизби сиёсӣ зикр шудаанд, ба таври муфассал баррасӣ кардан аз имкон дур аст.

Таҳлил нишон дод, ки дар ҳама барномаҳои пешазинтихоботӣ бархе мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон зикр гардида, аҳзоби сиёсӣ изҳор доштанд, ки саъй мекунанд, дар ҳалли онҳо саҳм гузоранд. Аз ҷумла, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат кардан барои ғамхорӣ ва расондани кумаки тиббӣ ба камбизоатону нафақахӯрон, ҳимоят аз соҳибкорону истеҳсолкунандагон ва ғайра.

Дарвоқеъ, таваҷҷуҳ ба мушкилоти зикршуда хеле муҳим аст. Масалан, имрӯз ба категорияи камбизоатон метавон бештари нафақахӯронро дохил кард. Дуруст аст, ки онҳо қаблан ҳам нафақаи барои зиндагии бошарофат заруриро намегирифтанд, аммо баъд аз ислоҳот дар низоми нафақа, ки аз ҷониби вакилони парлумон ҳам дастгирӣ ёфт, ҳоло ҳаҷми нафақа ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтааст.

Интихобот дар Тоҷикистон
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Зимнан суоли мантиқие пайдо мешавад: дар ҳоле ҳукумат ҳамасола касри буҷа дорад ва аз ҷониби дигар, ҷамъоварии андоз низ тӯли чанд соли охир ба мушкили ҷиддӣ мубаддал гаштааст, барои амалӣ кардани ин ҳадафҳое, ки аҳзоби сиёсӣ дар барномаҳои пешазинтихоботии худ иброз доштаанд, аз куҷо пул пайдо карда мешавад?

Масъалаи дигаре, ки қариб дар ҳама барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ зикр шудааст, муҳоҷирати корӣ мебошад. Он дар тӯли 20 соли ахир ба дарди сари ҳамешагии ҳукумат ва дар умум ҷомеаи тоҷик мубаддал шудааст, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ ҷанбаи мусбат ҳам дорад. Ҷанбаи мусбат ин аст, ки ҳамасола муҳоҷирон чандин миллиард доллар ба кишвар мефиристанд ва аз ин тариқ тавони молии ҳам оилаи худ ва ҳам кишварро таъмин мекунанд.

Назарпурсии Муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон дар миёни ҷомеа нишон дод, ки 70 дарсади оилаҳои тоҷик аз ҳисоби пули ирсолии муҳоҷирон рӯз мегузаронанд. Рӯзгори 30 дарсади дигар бар пояи кумаки бастагонашон ва даромади онҳо аз корашон мечархад.

Ҳоло дар ҷомеа чунин андеша пайдо шудааст, ки вакилони парлумон баъд аз соҳиби мандати депутатӣ шудан то 5 соли дигар интихоботкунандагони худро фаромӯш мекунанд.

Гилаи дигари интихобкунандагон ин аст, ки вакилон ба мушкилоти боиси нигаронии ҷомеа бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд. Ҳарчанд дар тӯли 5 соли гузашта чандин ҳодисаҳое рух доданд, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар парлумон метавонистанд доир ба онҳо назари худро баён кунанд.

Масалан, як сол пеш вақте ки сарусадо дар бораи боло рафтани нархи Интернет паҳн шуд, аксари вакилони мардумӣ то тасмим гирифтани президент дар мавриди бознигарӣ кардани ин иқдом ҳатто садо баланд накарданд.

Азбаски масъалаи интернетро зикр кардам, бояд ин нуктаро ҳам бигӯям, ки мо ҳоло дар ин бахш ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя ақиб мондаем, агар Туркманистонро истисно кунем. Ҳол он ки 10-15 сол қабл, вақте мо дар бораи ташкили ҳукумати электронӣ мегуфтем, ё аз алоқаи мобилии “3G” истифода мекардем, дар бештари кишварҳои хориҷӣ оид ба ин чизҳо тасаввурот надоштанд.

Албатта, дар барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ ишораҳое дар бораи рушди Интернети босуръат ва ташкили ҳукумати электронӣ вуҷуд доранд, аммо ба фикри ман, бояд ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хеле бештар сурат мегирифт, зеро пешрафти ҳамаи ҷомеаҳои ҷаҳони муосир ба рушди Интернет вобастагӣ дорад.

Нуктаи дигаре, ки мехоҳам зикр кунам, ин аст: баъзан ба ҷойи пешниҳодоти мушаххас дар барномаҳои пешазинтихоботӣ истилоҳоте чун «ташкил кардан», «мусоидат намудан», «афзоиш додан», «иҷро кардан», «таъмин кардан», «роҳандозӣ кардан», «такмил кардан», «тавсеа додан», «ҳимоят кардан» ва ғайра истифода мешаванд.

Ва ҳоло мегузарем ба таҳлили мухтасари барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Шиори ҲХДТ – «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» аст. Дар ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ба шарофати саҳми сазовори ҲХДТ суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла, рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар давраи татбиқи барномаи қаблии фаъолияти он ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб 2 маротиба афзоиш ёфт.

Дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ тазаккур дода мешавад, ки даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 41 фоизи соли 2011 то 30 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шудааст.

Мақсади асосии ҲХДТ, чунонки дар ин ҳуҷҷат зикр шудааст, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

Ҳамчунин ҲХДТ ният дорад, дар оянда ҳам ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт афзалият диҳад.

ҲХДТ барои ноил шудан ба мақсаду афзалиятҳои мазкур дар солҳои 2020-2025 иҷрои як қатор тадбирҳоро зарур мешуморад:

- мусоидат намудан ба диверсификатсияи истеҳсолоти ватанӣ, таъмини рақобатпазирӣ ва самаранокии рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт;

- ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкориву истеҳсолӣ ба мақсади баланд бурдани имиҷи кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ, дастгирии соҳибкорию рушди сармоягузорӣ аз ҷониби давлат, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда;

- тарбияи мутахассисони баландихтисос, рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои саноатӣ, ташаккулдиҳии брендҳои миллӣ ва баланд бардоштани имиҷи онҳо, пешбурди маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ;

- мусоидат намудан ба раванди баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, зиёд кардани синфи миёнаи аҳолӣ, нисбатан зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва андозаи музди миёнаи моҳонаи як корманд;

- ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар;

- ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон тавассути рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ, татбиқ кардани лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан, мусоидат ба афзоиши теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми мусофирбариву боркашонии байналмилалӣ ва ғ;

- тақвияти раванди ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, яъне таъмини шаффофияту самаранокӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва пурзӯр намудани назорати зиддикоррупсионӣ ва ғ.

- дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ тавассути тавсеаи “ҳукумати электронӣ”, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, тарбияи кадрҳои баландихтисоси ин соҳа, таъмини пайвасти шабакаҳои иттилоотии кишвар ба шабакаи ҷаҳонии Интернет бо суръати баланд.

Интихобот дар Тоҷикистон
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Дар бахши сиёсати иҷтимоӣ ҲХДТ чунин пешниҳод мекунад:

- беҳсозии дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, алалхусус барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва истифодаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат ва ғ.

- ҳизб барои татбиқи ин ният талошҳои худро бештар мегардонад, то ки ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ афзуда шавад.

- дарёфти манбаъҳои иловагию ғайрибуҷетии татбиқи барномаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳон ва кам кардани ҳаҷми шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ.

Ҳама захираҳои дастрас, аз ҷумла кумаки берунӣ бояд ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар бозори дохилӣ равона карда шаванд ва ғ.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократ зикр мешавад, ки Тоҷикистон ба устувории ҳокимияти халқ ва ё ба демократияи воқеӣ ниёз дорад, яъне:

- парламент бояд як палата ва мустақиман интихоб карда шавад;

- президент сарвари давлат бошад, аммо роҳбари ҳокимияти иҷроия набошад;

- ҳукумат мустақил, вале ба парламент ҳисоботдиҳанда бошад;

- мақомоти судӣ бояд интихобӣ, мустақил ва назораткунанда бошад;

- қонунгузории интихобот, аз ҷумла КМИР, қонунгузории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таъмини кафолати ҳуқуқи мустақилияти воқеии васоити ахбори омма дар амал ислоҳ карда шавад ва ғ.

Дар барнома таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ба сиёсати иҷтимоӣ ниёз дорад, аз ин рӯ, Ҳизби сотсиал-демократ бо мақсади мусоидат ҷиҳати беҳтар шудани таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон анҷоми як қатор корҳоро мувофиқи мақсад медонад:

- аз ҷумла, бояд дар моликияти хусусигардонидашуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳиссаи худро дошта бошад;

- таъмини андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа набояд аз андозаи сабади истеъмолӣ камтар бошад (то 01.01.‎2020 - 1000 сомонӣ) ва дар ин сурат маоши Президент ва дигар мансабдорони баландпояи кишвар мутаносибан набояд зиёдтар аз 12 маротиба бошад;

- ҳуқуқи кор ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар дохили кишвар бо музди арзанда таъмин карда шавад;

- сиёсати муҳоҷират манфиати миллии аҳамияти стратегӣ доштаро набояд халалдор кунад;

- таъмини рушди босифати маориф ва системаи ройгони маълумоти миёнаи умумӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои ройгони босифати тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини кафолати кумаки ройгони тиббӣ ба бознишастагон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;

- татбиқи хизмати алтернативӣ дар артиш, кам кардани муҳлати хизмат то як сол ва тадриҷан гузаштан ба хизмати касбӣ.

Интихобот дар Тоҷикистон
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Дар барномаи Ҳизби илоҳоти иқтисодӣ таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар миёни ҳамсоякишварҳо аз рӯйи нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ яке аз ҷойҳои охиринро ишғол менамояд. Ба андешаи муаллифони барномаи мазкур, барои боло бурдани сатҳи иҷтимоиёти шаҳрвандон дар Тоҷикистон бахши хусусии қавӣ, муҳити демократикунонидашудаи бозор ва низоми муносиби институтҳои молиявӣ нақши муассир надоранд. Аз ҷониби дигар, бозорҳо пурра инҳисорӣ шудаанд ва низоми бонкию пулии судманд созмон наёфтаанд. Ҳамчунин дар барномаи ҳизби мазкур гуфта мешавад, ки ҳоло дар Тоҷикистон омилҳои муайянкунандаи хушбахтии инсон, аз қабили муносибатҳои оилавӣ, вазъияти молиявӣ, шуғл, доираи дӯстон ва ҷомеа, саломатӣ ва озодии шахс коҳиш ёфта, таъмини волоияти қонун, судмандии кори мақомоти давлатӣ, идораи фасод, низоми муассири идораи иқтисод, сатҳи диндории одамон, боварӣ ба якдигар хеле заиф гардидаанд, аз ин рӯ, барои такмил ва побарҷо намудани ин омилҳо сайъю кӯшиши ҷиддӣ лозим мебошад.

Дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ барои ҳалли ин мушкилот роҳҳои зерин пешниҳод мешаванд:

1. Одамон бояд воқеан моликияти хусусии судовар дошта бошанд, зеро инсон дар ҳамон маврид озод аст, ки агар моликияти хусусии даромадовар дошта бошад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар, ӯ ҳамчун коргари кироя боқӣ мемонад ва наметавонад ягон гуна озодии фаъолият дошта бошад.

2. Бозорҳо бояд воқеан озод бошанд. Бозорҳои озоди судманд дар он вақт метавонанд созмон ёбанд, ки агар ҳар як хоҳишманд тавонад ба он бе ягон маҳдудият дохил шавад ва бо кадом нархе, ки хоҳад, молашро фурӯшад. Сониян, бояд инҳисори нигаҳдории нарх қатъан мамнӯъ бошад, вале агар инҳисор дар бозор вуҷуд дошта бошад, ҳукумат бояд онро дуруст танзим кунад ва ё худаш ин гуна хизматрасониро анҷом диҳад.

3. Қабули  қарордодҳои идоракунӣ дар тамоми сатҳи идора, аз корхона то сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, бояд дар заминаи таҳлили судоварӣ ва масраф қабул карда шаванд. Бо ин мақсад бояд омори давлатӣ такмил дода шуда, саҳеҳияти нишондиҳандаҳои он дуруст санҷида шавад.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ барои бартараф сохтани ақибмондагии кишвар пешниҳод мекунад, ки корхонаҳои истихроҷ ва коркарди манбаъҳои табиӣ миллӣ кунонида шаванд.

Ба ин мақсад бояд механизми хариди маъданҳои табиии истихроҷшуда, бо нархҳои ҳисобии дохилӣ ва ҷорӣ намудани инҳисори давлатӣ дар фурӯши он дар бозори ҷаҳонӣ роҳандозӣ карда шавад.

Дар барномаи худ ҳизби мазкур ҳамчунин тазаккур медиҳад, ки барои ислоҳи вазъият ва ба шароити индустриалию аграрӣ мутобиқ сохтани сохтору сифати қувваи корӣ, ислоҳоти фарогири низоми маорифи кишвар, пеш аз ҳама решакан кардани фасод ва зиёд намудани маблағгузорӣ ба “сармояи инсонӣ” зарур аст.

Нуктаи дигари ин барнома иртибот дорад ба Кодекси андози кишвар, ки гӯё аз низоми андозгузории ғарбӣ рӯбардор шудааст, аз ин рӯ, бо кафолати баланд истеҳсолоти ватаниро бӯғӣ мекунад.

Дар ин замина ҳамчунин таъкид мешавад, ки андоз аз арзиши иловашуда, ҳамчун аксизи истеъмолӣ дар ҳоле бояд ҷорӣ карда шавад, ки агар сатҳи истеъмолии мардум баланд бошад ва ё зарурияти муваққатан ба буҷаи давлат ворид намудани маблағи иловагӣ ба миён ояд.

Дар идома гуфта мешавад, ки дар баъзе аз соҳаҳо андоз аз фоида ситонида мешаванд, ки аз рӯи таъиноташон дар он соҳаҳо чунин андоз бояд вуҷуд надошта бошад (масалан, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ), зеро пардохти хизмати ин соҳаҳо аз ҳисоби музди меҳнати шаҳрванд, ки аз он қаблан андоз пардохтааст, ба амал бароварда мешаванд.

Интихобот дар Тоҷикистон
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Ҳизби демократи Тоҷикистон

Қабл аз ҳама бояд гуфта шавад, ки раиси Ҳизби демократ Сайидҷаъфар Усмонзода аз камтарин вакилоне буд, ки дар парламент баъзан мушкилоти ҷомеаро иброз медошт, аз ин рӯ, то ҷое имиҷаш дар миёни шаҳрвандон боло рафта буд.

Дар барномаи пешазинтихоботии ҲДТ пешниҳодоти зиёде ироа гардиданд, ки мо дар зер бархеи онҳоро зикр мекунем. Масалан, демократҳо ҷонибдори коҳиши то 50-дарсадии пардохтҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ, соҳибкорон ва қишри камбизоат, коҳиши андоз барои тиҷорати хурду миёна, рушди тиҷорати хурду миёна, коҳиши инҳисори давлат барои воридоти маводи сӯхт, дору ва алоқаи мобилӣ, коҳиши фоизи қарз, истеҳсоли молҳои рақобатпазир, коркарди аёши хоми маҳаллӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғайра ҳастанд.

Дар иртибот ба бахши иҷтимоӣ Ҳизби демократ ҷонибдори сармоягузории барномаҳои иҷтимоӣ, афзоиши тадриҷии маош дар ташкилотҳои буҷавӣ, тибби ройгон барои бахши бузурги ҷомеа ва сармоягузории матлуби системаи тандурустӣ аст.

Бешак, идеяи тибби ройгонро дар кишвар бештари аҳолии кишвар қабул доранд. Аммо чӣ гуна бояд ба он ноил шуд?

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

ҲКТ ҳамчун ҳизби коргару деҳқонон муаррифӣ мешавад, бинобар ин, баъзе идеяҳоеро дар барномаи пешазинтихоботияшон пешниҳод мекунанд, ки барои интихобкунандагон ҷолибанд.

Бояд гуфт, ки коммунистони кунунӣ бо фарқ аз ҳамсафони гузаштаашон моликияти хусусиро эътироф мекунанд, барои ҳамин дар барномаи пешазинтихоботияшон ба ғайр аз моликияти давлатӣ ба дигар шаклҳои моликиятдорӣ низ таваҷҷуҳ кардаанд.

ҲКТ дар барномаи пешазинтихоботии худ як қатор пешниҳодҳоро матраҳ кардааст, аз ҷумла, баргардонидани боигарии давлат ва оммаи меҳнаткашон, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида ғайриқонунӣ аз худ карда шуданд; барқарор кардани манфиат ва ҳуқуқи шаҳрвандон; хусусигардонии моликияти давлатӣ бо ҳифзи ҷойҳои кор; назорати давлатӣ ба вуруди сармоя ва фаъолияти бонку дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ.

Бозбинии хусусигардонӣ хуб аст, бахусус, дар Тоҷикистоне, ки ба мардуми заҳматкашаш аз моликияти ҷамъиятӣ чизе нарасид. Аммо фикр намекунам, ки ҳукумат барои бозбинии густардаи хусусигардонӣ розӣ шавад.

Дар бахши иҷтимоӣ Ҳизби коммунист иқдомоти зеринро пешниҳод мекунад: мубориза бо фақр, табдили маош ба сарчашмаи аслии даромад, таъмини ниёзи аввалияи мардум, афзоиши муассисаҳои томактабӣ, афзоиши муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳимояти маъюбон, иқдомоти фаврӣ барои ироаи кумакҳои фаврӣ ба камбизоатҳо, қабули қонунҳое, ки таҳсили ройгони ҷавононро кафолат медиҳанд, таъмини фориғуттаҳсилини макотиби олӣ бо ҷойи кор, кумак ба оилаҳои ҷавон, бахусус, дар навбати аввал барои гирифтани манзил, таъмини зиндагӣ ва нафақаи шоиста барои низомиён, кормандони милитсия, додситонӣ, додгоҳ, оилаҳои онҳо ва ғайра.

Ҳизби коммунист ҳам аз эҳёи таҷрибаи баҳси мардумии қонунҳое, ки аҳаммияти иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ доранд, ҳимоят мекунад. Бовар дорам, ки ин идеяро на танҳо ҷонибдорони ҲК, балки аксари интихобкунандаҳо мепазиранд.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров низ дар баробари Сайидҷаъфар Усмонзода дар парлумон фаъол буд.

Дар барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб як қатор нуктаҳо зикр шудаанд. Аз ҷумла, бояд дар соҳаи иқтисодиёти кишвар ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад ва сафи бекорон дар байни ҷавонон коҳиш дода шавад, коҳиши ахлоқ ва паст рафтани маънавиёт пешгирӣ гардад, камбизоатӣ ба пуррагӣ нест шавад, мардум аз нобаробариҳои иҷтимоӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.

Дар ин замина, мақсад ва мароми барномаи пеш аз интихоботии Ҳизби сотсиалистӣ татбиқи дурусти ислоҳоти иқтисодӣ, пур кардани бозори истеъмолии нархаш нисбатан арзон бо молҳои талаботи рӯз ва сифатан хубу аъло, дастгирии ҳаматарафаи нафақахӯрону маъюбон, занони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоат, донишҷӯёну иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеаҳои Чернобил ва ҷанговарони интернатсионалист ба шумор мераванд.

Ҳизби сотсиалистӣ бар ин назар аст, ки барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ бунёди нерӯгоҳҳои калон, миёна ва хурд зарур аст. Рушди соҳаи пахтапарварӣ, додани имтиёз ба деҳқонон дар пардохти андоз ва дарёфти қарзи бонкӣ, истифодаи фанновариҳои пешрафта, омода кардани кадрҳои баландихтисос барои кор дар касбҳои нав аз дигар бахши барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб аст.

Ҳизби мазкур бо ҷонибдорӣ аз адолати иҷтимоӣ дар барномаи худ чунин пешниҳодот кардааст: дар навбати аввал таъмини шаҳрвандон бо манзил, афзоиши ҳадди ақали маош, таъмини тибби ройгон, беҳбуди зиндагии кормандони соҳаи тиб, фароҳам кардани шароити мусоид дар хориҷ барои муҳоҷирони корӣ, кумак ба модарони танҳо ва ғайра.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрӣ гуфта мешавад, ки таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва дар мадди аввали сиёсати давлатӣ қарор додани рушди соҳаи кишоварзию беҳбуд бахшидан ба шароити зиндагии мардуми деҳот муҳим мебошад.

Ба андешаи муаллифони барномаи мазкур, бе такмили сиёсати давлатии аграрӣ бо назардошти омилҳои дохилӣ ва беруна ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бояд дар сиёсати давлатии аграрӣ таъмини боэътимоди аҳолӣ бо маводи озуқа, рушди комплекси агросаноатӣ дар назардошт бо таъсири хавфҳои дохилӣ ва беруна бояд мавқеи хосаи худро ишғол намоянд.

Ҳизби аграрӣ дар барномаи худ як қатор пешниҳодотро ироа мекунад, аз ҷумла: дар кишвар нерӯгоҳҳои хурду миёна сохта шавад, давлат бояд илмро дастгирӣ кунад, дастовардҳои илмиро дар иқтисоди воқеӣ татбиқ намояд, соҳаи кишоварзиро аз андозҳо озод намояд, нақби Оббурдон-Овчӣ бо мақсади беҳтар кардани таъмини заминҳои дашти Қизилӣ бо об ва азхуд кардани заминҳои нав сохта шавад, дар мавзеи Даҳанаи дарёи Ёхсу садд ва обанбор бунёд гардад, барномаи таъмини сокинони деҳот ба оби ошомиданӣ таҳия шавад, муассисаҳои хурду миёна дар соҳаи кишоварзӣ бунёд гарданд, корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади беҳтар кардани таъмини шуғли аҳолӣ сохта шавад.

Бознашр аз торнигори Нуристон(саҳфаи Нуралӣ Давлат)