Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристода шавад.

Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи имрӯз бо қатора ба Душанбе оварда шуданд.

Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус истифода мешаванд.

“Онҳо сарбории беморхонаҳоеро, ки барои қабули беморон дигар ҷой надоранд, кам мекунанд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, контейнерҳо бо кату ҷиҳози хоб, ҳаммом, ҷойи шустушӯву обу корез ва кондитсинерҳо муҷаҳҳазанд.

Дар намояндагии дипломатии Ӯзбекистон ҳамчунин қайд карданд, ки контейнерҳо ба назди варзишгоҳи “Бофанда” (собиқ “Текстилшик”, рӯ ба рӯйи корхонаи нассоҷӣ) расонида шуда, дар ин ҷо дармонгоҳи сайёр ташкил карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.