Баъди 9 моҳи ҷудоӣ, наздикони Далер Шарифов, рӯзноманигори маъруфи зиндонии тоҷик тавонистанд бо ӯ мулоқот намоянд.
Тавре аз хонаводаи Далер Шарифов ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, онҳо тавонистаанд рӯзи 10-ум ноябр баъди расман иҷозат додани дидорбинӣ бо зиндониён дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон бо Далер мулоқот намоянд.
Саида Қурбонова ҳамсари рӯзноманигор гуфт, ки вазъи саломатии Далер хуб ва аз дидорбинӣ хеле шод гардида буд.
“Ҳамроҳи фарзандон ба мулоқот рафтем. Саломатии Далер хуб аст, худро хуб ҳис мекунад ва аз чизе шикоят накард. Бо дидани фарзандон хеле шуҳол гардид. Мо низ хеле шодем, ки баъди моҳҳои тӯлонӣ ҳамдигарро дидему каме суҳбат намудем”.
Ҳамсари Далер мегӯяд, аз чизе шикоят намекунад ва танҳо ҳамон як хоҳиши ҳамешагӣ, ки барояш китоб барем то мутолиа намояд.
“Аз камбудие нагуфт, танҳо китоб фармоиш дод, ки барояш барем. Фармоиши ҳамешагии ӯ ҳамин овардани китоб аст. Дар маҳбас ҳам фақат китоб мехонад”, - илова кард Қурбонова.
Бояд қайд намуд, ки исми Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик миёни 378 маҳбусе, ки бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ ба унвони президенти дигарбора интихобшуда, бахшида шуда буданд, набуд. Ин дар ҳоле буд, ки хонаваоди Далер ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ интизор дошт Далер Шарифов шомили ин рӯйхат мешавад.
Ҳамсари Далер, рӯзи 4 ноябр дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Далер се моҳи дигар дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон мемонад. Ба гуфтаи Қурбонова, онҳо умед доштанд, ки номи Далер Шарифов низ дар рӯихати бахшидашудагон шомил мегардад, чун муҳлати адои ҷазои хеле кам дорад.
Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохту як сол равонаи зиндон кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста