Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз бо сафари расмӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумита ва ахзои парлумон, инчунин дигар шахсони мансабдор ҳамроҳӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Маскав ҳайати парлумони Тоҷикистонро муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Дар бораи барнома ва ҳадафи сафари Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар мансаби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.