Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва рӯзи 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зикр шуд, ки имрӯз беш аз 80 минтақаҳои Россия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд. Вале дар ин самт ҳоло иқтидорҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.
Дар ин робита барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи ашёи маҳаллӣ бо истифодаи технологияи Россия ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои ин кишвар имкониятҳои фарох фароҳам гардидааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл намуда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуд.
Дар идома Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос доштанд. Дар ин маросим муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Илёс Умаханов онҳоро ҳамроҳӣ кард.
Сипас дар толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳар ду ҷониб доир гардид.
Рустами Эмомалӣ зикр намуд, ки ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия барои густариши минбаъда дорои иқтидорҳои калон мебошад ва амалисозии онҳо вазифаи асосии Комиссияи муштарак маҳсуб меёбад.
“Он масъалаҳои зерин, аз ҷумла таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҷоннок кардани ҳамкориҳои соҳибкорони ду давлат, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ дар соҳаи савдои берунӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз ва бонкӣ, стандартизатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳтарсозии муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, илм ва дигар соҳаҳоро фаро мегирад”, - изҳор дошт ӯ.
Дар бинои Ҳукумати Россия Рустами Эмомалӣ бо муовини раиси Ҳукумати ин кишвар, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот намуда, дар он ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рустами Эмомалӣ ёдовар шуд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро наздики 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.
Дар ин робита ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни ду кишвар 720 млн доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар бинои ҳукумати шаҳри Москва Рустами Эмомалӣ бо раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дидору гуфтушунид карда, маҳаки асосии вохўриро муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда ташкил дод.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар фарҷоми мулоқот байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ба имзо расид. Ба он Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Россия, ки бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи Тоҷикистону Россия саҳифаи навро боз намуд, ба анҷом расид.
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
“Барои хӯрок ва роҳкиро”. Донишҷӯёни тоҷик бештар барои чӣ пул сарф мекунанд?
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста