Фарҳод Салим Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як фармони Президенти Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Фаррух Ҳамрализода, ки то ин вақт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд, сафир таъин шуд.
Ҳамчунин ба ҷойи Фарух Ҳамрализода Саъдӣ Қодирзода, ки муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» таъин шуд, ки то ин вақт ин мансаб дар ихтиёри Алишер Шамбиев буд. Юсуфҷони Сангаҳмад ҳам ба ҷойи Фирдавс Ҳаётзода муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Рустам Ғаниев, ки то ин вақт ёвари ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ба ҷойи Сайъало Мирзоев, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин шуд.
Рукмина Сафарзода низ ба ҷойи Меҳринамо Ҷонмамадова дар мақоми муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Абдуҷаббор Юсуфзодаро директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста