Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ таърихи эҳтимолии боз шудани марзҳо бо Чин ва сарнавишти молу колои тоҷирони тоҷикро, ки дар ин кишвар банд мондаанд, гуфт. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ин мавзуъ таҳти назорати ҷиддии Тоҷикистон ва аз ҷумла вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад.
Раҳбари ниҳоди сиёсати берунии Тоҷикистон гуфт, ки дар ин масъала гуфтугӯҳо дар ҳама сатҳо ҷараён дорад. Ҳам сафорати Тоҷикистон дар Чин ва ҳам сафорати Чин дар Тоҷикичтон рӯйи ин мавзуъ кор мекунанд.
Гузашта аз ин ман ҳам ба наздикӣ ба ҳамтои чинии худ дар ин масъала нома навиштам. Вазири корҳои хориҷии Чин ба ман посух доданд, ки ин мавзуъро ниҳодаш ҷиддан пайгирӣ мекунад.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин дар ин мавзуъ чанд омилу мушкил вуҷуд дорад.
"Якум ин ки, минтақаи маъмурие, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳаст, мувофиқи маълумоте, ки мо дорем, яъне вазъияти эпидомологӣ ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин каме номуътадил аст. Дувум ҷониби Тоҷикистон мехоҳад дар гузаргоҳи марзияш бо Тоҷикистон нуқта ё гузаргоҳе бисозад, ки мошинҳоро зиддиуфунӣ (дезинфексия) кунад. Ҳамаи мошинҳое, ки ин тараф мегузаран ё аз мо ба Чин мераванд зиддиуфунӣ карда мешаванд. Чун вазъияти иқлимии ин минтақа хеле хунук аст, имкони кори шабонарӯзӣ вуҷуд надорад. Ба ҳамин хотир кор каме кашол ёфтааст. Аммо мувофиқе маълумоте, ки онҳо ба мо доданд, дар охири моҳи феврал бояд сохтмони ин гузаргоҳи нав ба анҷом расад. Дар ин сурат интиқоли борҳо бехатартар ва хубтар мешавад",-гуфт вазир.
Ҳамчунин ин мавзуъ ба ҷашнгирии Соли нав дар ин кишвар ҳам марбут аст, ки то 20-уми феврал тамоми марзҳои ин кишвар баста шудааст,-гуфт вазири хориҷа.
Ғайр аз ин миёни Тоҷикистону Чин аз соли гузашта гуруҳи кории махсусе дар ин масоил таъсис дода шудааст, ки онҳо ҳам рӯйи ин мавзъу кор бурда истодаанд.
Қаблан раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода воридкунандагони молу маҳсулот аз Чинро аз ҷумлаи бештар зарардидагон аз оқибатҳои пандемия номид.
Номбурда қайд кард, ки ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ айни замон аз бозистии интиқоли молу маҳсулоташон аз Чин зиёни зиёд мебинанд.
Ба гуфтаи ӯ, молу маҳсулоте, ки бояд ба Тоҷикистон оварда шавад, аз моҳи октябри соли гузашта дар сарҳади Чин дармондаанд.
Раиси Палата, сабаби асосии иҷоза надодани интиқоли молу маҳсулотро аз Чин пандемияи коронавирус унвон кард.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки пас аз анҷоми Соли нави Чин молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Мутахассисони ПСС мегӯянд, айни замон дар дигар кишварҳои ҳаммарз бо Чин низ чунин мушкилӣ вуҷуд дорад, зеро ин давлат қоидаҳои риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологиро ҳангоми интиқоли бор сангинтар кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста