Имрӯз, 2 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд. Ҳангоми расидан ба Исломобод ҳавопаймои президентро ҳавопаймоҳои қиркунанда пешвоз гирифта, то фурудгоҳ ҳамроҳӣ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори меҳмони олимақом - президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.

1/12

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.