Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон ду соат пеш, дар саҳфааш дар фейсбук аз суханронии ахири Эмомалӣ Раҳмон истиқболи бесобиқа карда, Раҳмонро дӯсти ҳамешагии Афғонистон хондааст.
Карзай Тоҷикистонро "кишвари дӯсту бародар" хитоб карда ва навиштааст:
"Тайи чаҳордаҳ соли давраи хидматам бо Тоҷикистон ва бахусус бо шахси оқои раисҷумҳур равобити бисёр нек ва бародарона доштем. Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини сулҳ ва суботи пойдор дар Афғонистон буда ва ин воқеият як бори дигар дар суханронии ахири ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбозтоб ёфт. Орзумандам, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар, Афғонистон ҳарчи зудтар соҳиби сулҳ ва оромиши сартосарии пойдор гардад".
Зоҳиран ишораи Карзай ба суханронии рӯзи 22-юми июли Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши санҷиши омодагии ҷангии Неруҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва неруҳои захиравии Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронияш гуфт, ки Тоҷикистон ҳеч гоҳе неруҳояшро дар қиболи Афғонистон истифода намекунад ва ҷанги Афғонистонро натиҷа дахолати кишварҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ номид/
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста