“Душанбе ҳамеша Кобули расмиро ҳокимияти қонунӣ дар Афғонистон медонад ва ҳеҷ гоҳ бо намояндагони ҳаракати “Толибон” вохӯрӣ ё гуфтушуниде нагузаронидааст”, - изҳор дошт имрӯз, 26 июл ба рӯзноманигорон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран вазъият дар ноҳияҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, ба таври ҷиддӣ шиддат гирифт, “лекин сарҳадҳои Тоҷикистон дар ин самт боэътимод посбониву назорат мешаванд”.
Дар робита ба масъалаи гурезаҳо аз Афғонистон вазир гуфт, имрӯз саҳеҳан наметавон гуфт, ки Тоҷикистон чӣ қадар гурезаҳоро аз ин кишвари ҳамсоя қабул карда метавонад.
Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки ӯ ба ақидаи бархе аз ҳамкоронаш дар ҳукумат дар бораи имкони қабули шумораи зиёди паноҳандаҳо аз Афғонистон дар Тоҷикистон розӣ нест.
“Дар ин масъала вазъи марбут ба пандемияи коронавирус, омодагии урдугоҳҳо барои гурезаҳо, инчунин омодагии Тоҷикистон ба ворид шудани террористон ба ҷумҳурӣ зери ниқоби паноҳандагон ва маосили дигарро бояд дар назар гирифт”, - илова намуд вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста