Иттиҳоди Аврупо бо судури қатъномае роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер Аҳмад Масъудро барои ширкат ба нишасти Парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст.
Парлумони Аврупо дар мавриди Афғонистон қатънома қабул кард, ки дар он даъвати пешвои Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди толибон дар Панҷшер Аҳмад Масъуди хурдб ба иҷлосияи Парлумони Аврупо ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудааст.
“Биёед пешвои ҷасури муқовимати афғонро дақиқан ба мисли падари маъруфи ӯ 20 сол пеш, ба Парлумони Аврупо даъват мекунем. Умедворӣ барои ояндаи беҳтар барои Афғонистон ҳоло аз даст дода нашудааст”, - гуфтааст дар иҷлосияи ин мақомот вакили ПА аз Нидерланд Барт Грутхейс.
Let’s invite the courageous leader of the Afghan resistance to the European Parliament, just like we welcomed his legendary father 20 years ago. The hope for a better future of Afghanistan is not dead 🇦🇫 🇪🇺 pic.twitter.com/MHArvIm7a0
— Bart Groothuis (@bgroothuis) September 15, 2021
Ин дар ҳолест, чанд рӯз пеш масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфта буд, ки роҳе ҷуз музокира бо Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад ва Брюссел дар садади ҳамоҳангӣ бо аъзои Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси намояндагии ин иттиҳод дар Кобул аст.
Дар қатънома, ки гуфта мешавад аз 36 модда иборат аст, парлумони Аврупо аз хушунатҳои “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) болои мардуми Афғонистон интиқод карда, гуфтааст, ки “Покистон тавассути нерӯҳои вижа ва пуштибонии ҳавоӣ ба “Толибон” дар ҷанг алайҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер кӯмак кардааст”.
Гуфта шудааст, ки Покистон солҳост ба унвони паноҳгоҳи амн барои “Толибон” амал мекунад.
Дархости ширкати Аҳмад Масъуд дар нишасти иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки дирӯз, 14 сентябр масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррелл ба риояи ҳуқуқи башар дар Афғонистон таъкид кард ва афзуд, ки барои таъсир гузоштан дар ин робита ҳеҷ интихобе ҷуз робита бо Толибон вуҷуд надорад.
Аҳмад Масъуд нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер раҳбарӣ мекунад. Ӯ пас аз суқути Кобул ба дараи Панҷшер рафт. Ҳарчанд, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар ибтидо вориди музокира шуданд, аммо пас аз шикасти музокирот, Толибон ҳамалоти худро ба Панҷшер оғоз ва пас аз чанд рӯз эълом карданд, ки ин вилоятро ба сурати комил тасарруф кардаанд. Аммо Нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер ба сурати комил суқут накардааст ва муқовимат идома дорад.
Расо як моҳ мешавад, ки “Толибон” Афғонистонро тасарруф кардаанд. Онҳо то ба ҳол ҳукумати расмии худро эълон накардаанд. Чанд рӯз пеш танҳо ҳайати ҳукумати худро эълон карданду халос. Вале кишварҳои ғарбӣ ба хотири масоили ҳуқуқи башар, аз барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ бо “Толибон” худдорӣ кардаанд ва ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашнохтаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста