Ба 133 муҳоҷири тоҷике, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахаровои шаҳри Маскав қарор доранд, шаҳодатномаи бозгашт таҳия гардида, интизор меравад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон баргарданд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки ба муҳоҷирон дирӯз, 22 декабр дар доираи боздиди консули сафорати Тоҷикистон дар Русия Искандар Шафозода аз боздоштгоҳи муваққатии деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав ҳуҷҷатҳо дода шуд.
Консули сафорат ҳамчунин, бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба онҳо доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош тавсияҳои зарурӣ дода шуд.
- Дар рафти вохурӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 133 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид,- менависад сафорат.
Ба гуфтаи манбаъ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз дода шуд.
Сафорат менависад, ки шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар дигар шаҳру вилоятҳои Русия низ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Даргузашти Аслиддин Достиев, рӯзноманигори тоҷик дар синни 64-солагӣ
Омодагӣ ба ваксиназанӣ ё хуруҷи дигарбораи “COVID-19”? Табибон боз хона ба хона мегарданд
“Толибон” гуфтанд баста шудани мактабҳои духтарона ба мушкилоти барномаи таълимӣ рабт дорад
Аз 5 ҳазор то 6,5 ҳазор сомонӣ. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуданд
Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми
Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид
Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд
Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд
Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста