Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрдории Душанбе беш аз 410 адад воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркаширо ҳамчун кӯмаки бебозгашт тақдим намудааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд.
Манбаъ мегӯяд, рӯнамоии техникаи комуналӣ, имрӯз, 1 феврал дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва намояндагони сафорати Чин дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки солҳои охир дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва истифодабарии роҳҳо мушкилиҳои норасои техникаи замонавӣ ҷой дошт ва маҳз ба хотири рафъи ин норасоӣ байни шаҳрдории Душанбе ва Чин соли 2021 созишнома оид ба кӯмаки техникии бебозгашт ва ворид намудани 466 адад воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба имзо расид.
Манбаъ гуфт, ки то имрӯз, 413 адад техиника вориди пойтахт гардида, 53 адади дигар дар ҷараёни воридшавӣ қарор дорад.
- Ба раиси шаҳр зимни рунамоӣ 155 адад автобуси мусофирбари гуногунҳаҷм, 52 адад автомошинаи боркашон, 48 адад автомашинаи махсуси партовкашонӣ, 40 адад мошини обпошӣ, 22 адад мошини хурди боркашии дуқатора, 20 адад автомошинаи сӯхторхомӯшкунӣ, 1 адад грейдер, 18 адад каток, 7 адад автокран, 15 адад эвакуатор, 1 адад таҷҳизоти тақсимкунандаи қир, 7 адад барои ташхису таъмири қубурҳои оби гарм, 1 адад маркази идораи техникаи сухторхомўшкунӣ, 4 адад автомошинаи ёрии таъҷилӣ, 1 адад барои интиқоли гипохлориди натрий ва ғайра муаррифӣ карда шуданд,- иттилоъ медиҳанд аз шаҳрдории Душанбе.
Гуфта шуд, ки техникаҳо ба корхонаҳои коммуналии партовкашонӣ, ободонӣ, боғҳо, обу коррез, нигоҳдорию истифодабарии роҳҳо, гармидиҳӣ, мусофиркашонӣ ва сухторхомушкунии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Ҳамчунин, мутахассисони чинӣ тӯли 1 моҳ бо кормандони корхонаву муассисаҳои пойтахт ва масъулини сохторҳои марбутаи Душанбе барои истифодаи дурусти техникаҳо тариқи онлайн дарсҳои омӯзишӣ мегузаронанд.
Шаҳрдорӣ бовар дорад, ки бо ворид гардидани техникаи коммуналии мазкур паркҳои техникии корхонаҳои соҳавӣ пурра навсозӣ гардида, фаъолияти онҳо боз ҳам самаранок ба роҳ андохта хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ гуфтааст, минбаъд низ барои таҳким бахшидани заминаи техникии корхонаҳои коммуналии шаҳр ва беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ барои сокинону меҳмонони пойтах тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста