Дирӯз, 26-уми феврал, Эрон Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба дасти намояндагони гуруҳи Толибон* супорид. Дипломатҳои ҳукумати пешини Афғонистон бинои сафоратро тарк карданд ва намояндагони Толибон ҷойгузини онҳо шуданд.
Ба иттилои хабаргузории “Ому”, Абдулқаюм Сулаймонӣ, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон, калиди ин сафоратро ба Вазорати умури хориҷии Эрон дод ва ин вазорат сафоратро расман ба дасти намояндаи Толибон супурд.
“Толибон Муҳаммад Афзал Ҳаққонӣ, ёвари аввали сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба унвони сафири нави худ дар Эрон муаррифӣ карданд”, - менависад манбаъ.
Ҳомид Раҳгузар, яке аз дипломатҳои сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон, ба “Ому” гуфтааст, ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба Абдулқаюм Сулаймонӣ, сафири Афғонистон дар Теҳрон дар як тамоси телефонӣ гуфт, “рисолати шумо дар сафорат ба охир расид ва кишвар тасмим гирифт, ки Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супорад”.
Раҳгузар гуфтааст, пас аз ин Абдулқайюм Сулаймонӣ ва гурӯҳе аз дипломатҳои афғонистонӣ дар Теҳрон тасмим гирифтанд, ки ба ҷои таслими Сафорат ба дасти Толибон, сафоратро ба ихтиёри Вазорати умури хориҷаи Эрон гузоранд ва таъкид карда, ки “ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва таҷҳизоти дар сафорат дастрас бударо ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон супоридаем”.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин иттилоъ гуфтааст, “интиқоли сафорат кори Вазорати корҳои дохилӣ аст ва ҳеҷ санад, таҷҳизот ва ашёи дигареро, ки ба сафорати Афғонистон дар Теҳрон тааллуқ дошт, дарёфт накардааст”.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва дигар ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон тавассути тамос ва мактубҳо ба мақомоти дахлдори Эрон дархост кардаанд, ки ба далели паёмҳои манфӣ Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон насупоранд.
Ҷабҳа бо нашри эъломия гуфтааст, ки “мақомдорони Эрон дархостро шуниданд, вале аз рӯи сиёсати худашон ба намояндаи гурӯҳи ғайриқонунӣ ва террористии Толибон иҷозат доданд, ки ба хонаи дипломатии мардуми Афғонистон ворид шаванд”.
“Супоридани намояндагии дипломатии Афғонистон дар Эрон ба гурӯҳе, ки қотили мардуми Афғонистон аст ва исми раҳбарони онҳо дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид боқӣ мондааст ва то ҳол ҳеҷ кишвари ҷаҳон барои барқарор кардани равобити расмии дипломатӣ бо он розӣ нашудааст, шубҳанок буда, ба халқи Афғонистон ва баъзе мамлакатҳои дигар паёми нохуш дорад”, - омадааст дар эъломияи Ҷабҳа.
Сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Толибон Муҳаммад Афзал Ҳаққониро, ки то ин дам ба ҳайси ёвари аввали сафорат кор мекунад, сафири нави худ таъйин кардааст.
Дар аксҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки дипломатҳои ҳукумати собиқи Афғонистон ашёи шахсӣ ва акси Аҳмадшоҳи Масъудро аз бинои сафорати Афғонистон интиқол медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло аксари сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати дипломатҳои ҳукумати қаблӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон бо дастури Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Толибон, Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон барканор шуда, Муҳаммад Зариф Асир, Ҷавод Шӯъла ва Кабир Қосим, ки пеш аз ин низ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе фаъолият мекарданд, ба унвони сарпараст, консул ва масъули идории сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе таъйин шуда буданд.
Он замон Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, хабари барканорияш ва таъйини сарпарасти нав аз сӯи Толибон дар Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ин хабар воқеият надорад ва Сафорат аз сӯйи Толибон ҳеҷ дастуре нагирифтааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста