Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти “Иттиҳоди Аврупо (ИА) - Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи 2 июн дар Қирғизистон баргузор мешавад, иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар нишаст ҳамчунин сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон ширкат меварзанд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар вохӯрӣ президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи кори нишаст вохӯрии дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба нақша гирифта шудааст. Дар бораи кадом масъалаҳоро баррасӣ намудани сарони кишварҳо хабар дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар медиҳад, дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аввалин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.