Номзадии Мавсума Муинӣ, раиси кунунии шаҳри Бӯстон барои дарёфти курсӣ дар парлумон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 ба ҷои Галбаҳор Назирӣ, ки чанде пеш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд, пешниҳод шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд, №13 рӯзи 16-уми июли соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, №36, (бинои филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд) баргузор мешавад.
Мавсума Муинӣ яке аз кадрҳое гуфта мешавад, ки дар синни ҷавонӣ ва як муддати кутоҳ ба вазифаҳои баланд дар ҳукумати Тоҷикистон расид.
Ӯ 42 сол дорад ва хатмкардаи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст.
Баъди чанд соли кор дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат бо қарори ҳукумати кишвар соли 2009 аввал муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва баъдан муовини аввали раиси ин ниҳод кор кардааст.
Аз соли 2017 то соли 2022, замоне ки раиси шаҳри Бӯстон таъин гардад, ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият мекард.
Мавсума Муинӣ ба ҷои Гулбаҳор Назирӣ, ки моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд - №13 вакили парлумон интихоб шуда, моҳи августи соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид, ба ин курсӣ пешбарӣ гардид.
Гулбаҳор Назирӣ хатмкардаи факултети забон ва адабиёти рус ва факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мебошад.
Аз соли 1992 то соли 2007 дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор то декани факултет буд.
Аз курсии деканӣ соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста