Имрӯз, 2-юми ноябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй мулоқот намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Сарвари давлати мо тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ, ҷалби технологияҳои муосир, ҳамчунин дар соҳаҳои гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳӣ зикр карданд”, - омадаст дар хабар.

Ҳамзамон, имкониятҳои мусоиди рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои ояндадори иқтисоди рақамӣ ва “сабз”, бахусус электроэнергетика ва зерсохтори он, таҷдиду сохтмони роҳҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Манбаъ меафзояд, дар ин зимн ҷонибҳо ба аҳамияти бозсозии гузаргоҳи “Кулма-Каросу” барои ташаккули шароити мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот миёни ду кишвар ишора карданд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур дар ин самтҳо иброз доштааст.

Зимнан, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи “Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур” ва Форуми соҳибкорони ду ҷонибро дар шаҳри Душанбе ба манфиати кор донистанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба робитаҳои байниҳизбӣ, ҳамчун василаи муҳимми мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ба баррасӣ гирифта шудаанд.

Ду ҷониб оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.