Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати баландпояи ҳамроҳаш дар пайи суқути чархбол ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раис ҷумҳури Эрон барқияи тасаллӣ ирсол кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.
Президенти Тоҷикистон гуфтааст, хабари даргузашти фоҷеавии Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони тамоми мардуми Тоҷикистон гардидааст.
“Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”, - омадааст дар барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин талафоти бузург ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, Муҳаммад Мухбир ва мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимӣ иброз кардааст.
“Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам”, - омадааст дар барқия.
Ӯ гуфтааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем”.
Ёдовар мешавем, ки чархболи раиси ҷумҳур Саидиброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд.
Бо гузашти як рӯз, Мӯҳсин Мансурӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон расман тасдиқ кард, ки Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста