Давоми як моҳи охир Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) бори дигар ба буҳрони роҳбарӣ печид ва дар пайи он чеҳраи барои ҷомеа нисбатан ношинос роҳбари ин ҳизб интихоб гардид. Ҳарчанд Саидҷаъфар Усмонзода, роҳбари ҳамакнун пешини он худро ҳанӯз раиси ҳизб мешуморад, вале Вазорати адлияи кишвар баъди 20 рӯзи баррасии протоколи Анҷумани 18-уми ҲДТ Шаҳбози Аброрро ба ҳайси раиси ин ҳизб сабти ном кард. Ҳоло Усмонзода “далелҳои иловагӣ"-и худро ба ин ниҳод пешниҳод карда, хостори лағви қарори Вазорати адлия шудааст.
Ин буҳрони аввалин дар ҲДТ нест. Қаблан ҳам дар арафаи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ин ҳизб ба мушкил рӯбарӯ шуда буд. Аммо ин маротиб як чеҳраи ҷавон роҳбарии онро ба дӯш гирифт.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, бо Шаҳбози Аброр оид ба вазъи пешомада дар ҳизб, ихтилоф бо роҳбари пешин, фаъолияти ҳизб ва нақшаву барномаҳои оянда суҳбат кунад.
Тасмими дастаҷамъӣ
- Андешаи баррасии фаъолияти чанд соли охири Усмонзода ва интихоби роҳбари нав чӣ гуна, кай ва аз сӯи кӣ пешниҳод шуд?
- Тибқи оинномаи ҲДТ бояд дар як сол чор маротиба ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб баргузор ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардад. Пешниҳодҳои зимни ин ҷаласаҳо ироагардида аз ҷониби раиси ҳизб ба парлумон ва ҷомеа расонида шавад. Вале аз соли 2022, вақте Анҷумани XVII-уми ҳизб баргузор ва дар он Саидҷаъфар Усмонзода раис интихоб гардид, ба ин сӯ ҷаласаҳои Шӯрои сиёсӣ баргузор нашуд. Борҳо ба ӯ фаҳмонидем, ки баргузории ҷаласаҳои ҳизбӣ зарур аст, вале ӯ гӯш накард. Бештар аз ҳама муовини якум (Аҳмадшоҳ Комилзода. -идора) ин масъалаҳоро ба раис мерасонд, аммо Усмонзода мегуфт, ҳоло вақташ мешавад.
Баъди ин ҳама 7 аъзои Шӯрои сиёсӣ тасмим гирифтем, ки бо ташкили як анҷуман фаъолияти чанд соли охири ҳизбро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ин тасмими дастаҷамъӣ буд.
Вақте аъзои Шӯрои сиёсӣ ҷамъ шудем, Усмонзодаро ҳам даъват кардем, вале ӯ телефонро хомӯш кард. Маҷбур шудем, бе ширкати ӯ ҷаласаву Анҷуманро гузаронида, барканориашро ба миён гузорем.
- Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, замоне Шумо ва дигар аъзоёни Шӯрои сиёсии ҲДТ ҷамъ ва рӯзи баргузории Анҷумани 18-уми ҳизбро маълум кардед, ки ӯ дар хориҷа қарор дошт. Имкони интизори бозгашти ӯ набуд?
- Ин гуна ҳодиса чанд маротиба рух дода буд, аммо дар ниҳоят ҷаласа баргузор намешуд.
Вақте мо дар хусуси баргузории анҷумани ғайринавбатӣ қарор қабул кардем, шахсан ман ба Усмонзода тамос гирифтам ва даъват кардам, ки номзадии худро барои раисӣ пешниҳод кунад. Дар ин баробар, Зӯҳро Мирзоева, яке аз собиқадорони ҳизб ва муовини раиси ҳизбро ба назди Усмонзода равон кардем, то шахсан аз ӯ даъват кунад, то дар Анҷумани XVIII-ум иштирок намояд. Гузашта аз ин, як рӯз қабл аз анҷуман, 10-уми май, ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ баргузор кардем ва аз Усмонзода даъват намудем, ки ширкат варзад, аммо ӯ наомад.
- Мегӯед, раис фаъол набуд, пас чаро инро қаблан касе иброз накарда буд? Чаро маҳз ин шабурӯз тасмим шуд, ки фаъолияти раиси ҳизб баррасӣ ва ӯ аз раъси ҳизб озод гардад?
- Дар анҷуман танҳо фаъолияти ду-се соли охири Саидҷаъфар Усмонзода баррасӣ гардид. Бояд гуфт, ки ӯ солҳои аввали раиси ҳизб интихоб шудан фаъол буд ва инро дар анҷуман ҳам гуфтам. Аммо баъди соли 2022 фаъолияташ чашмрас набуд, ягон маротиба ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ нагузаронид ва бо аъзои он вохӯрӣ накард. Ҳатто қароргоҳи муайян надошт. Аъзоён ва собиқадорони ҳизбро ин камбудиҳо нигарон карда буд.
То соли 2022 Шӯрои сиёсӣ ва анҷуманҳои ҳизб баргузор гардида, эродҳо ҳам ироа мешуданд. Умедвор будем, ки рӯзе ҳама хуб мешавад, вале нашуд. Агарчӣ раиси собиқи ҳизб бо расонаҳо сӯҳбат мекард, вале фаъолияти дохилиҳизбӣ ғайриқаноатбахш буд.
Агар ин навбат ҳам раиси пешин дар анҷуман ширкат карда, аъзоёни ҳизбро умедвор мекард, ки фаъолияти ҳизб беҳтар мешавад, шояд боз ҳам мо ӯро раиси ҳизб интихоб мекардем, вале Усмонзода наомад. Баъди ин аъзои ҳизб роҳбариро ба ман бовар карданд.
Аз эътимод то нобоварӣ
- Як сол қабл мо бо Усмонзода сӯҳбат доштем ва ӯ аз шумо чун як ҷавони фаъоли ҳизб тавсиф карда буд. Чанде пеш як ташкилоти ҷамъиятӣ озмуни “100 чеҳраи таъсиргузор”-и кишварро эълон кард ва яке аз аъзои Шӯрои сиёсӣ, ки имрӯз дар паҳлӯи шумо аст, Усмонзодаро чун нафари арзанда ба ин озмун пешниҳод намуд. Яъне то чанд моҳ пеш муносибати аъзои ҳизб бо Усмонзода хуб буд. Чӣ шуд, ки дар ин муддат якбора мавқеъҳо тағйир ёфт?
- Абдуҷаббор Юлдошев, раиси созмони ҳизб дар вилояти Суғд, ки Усмонзодаро ба озмуни “100 чеҳраи таъсиргузор” пешниҳод кардааст, мегӯяд, ин пешниҳоди раиси собиқ буд. Ҳеҷ нафари мо бо Усмонзода хусумати шахсӣ надорем. Инсони хуб аст, аммо солҳои охир фаъолияти ӯ дар ҳизб намоён набуд.
- Усмонзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар сӯҳбат бо расонаҳо ва дар нишасту чорабиниҳо фаъол буд. Шояд ин ҷо ягон омили дигар аст, ки фаъолияти ӯ мавриди баҳс кашида шуд?
- Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад кардан кори дигар асту фаъолияти ҳизбро ҷоннок кардан кори дигар. Вақте ки аъзои ҳизб ва Шӯрои сиёсӣ намедонанд, ки роҳбари ҳизб дар куҷост, ҷаласаҳо баргузор намегардад, фаъолияти ҳизб баррасӣ намешавад, аъзои ҳизб чеҳраи роҳбари худро танҳо дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ мебинад, наметавон гуфт, ки ҳизб фаъол аст. Дар ин сурат, вазифаи мо буд, ки ҳизбро аз ин варта берун барорем.
- Ин буҳрони аввалин дар сафи ҲДТ нест. Чаро ин ҳизб бештар аз ҳама ба буҳрон гирифтор мешавад?
- Ҳизб номаш демократӣ аст ва дар он ҳар нафар ҳаққи озоди мавқеъгирӣ дорад. Ҳизби демократ ҳама вақт ҳамин гуна буд, ки ҳар роҳбаре фаъолияти суст дошт, роҳбари дигар омада, ӯро иваз ва фаъолияти ҳизбро ҷоннок мекунад.
Воқеан, баъзе аз раисон аз номи ҳизб вакил мешаванд ва ҳизб онҳоро ба як чеҳра табдил медиҳад, вале онҳо дар ҷавоб ҳизб ва нафаронеро, ки онҳоро интихоб намуда баданд, фаромӯш мекунанд. Бояд ҳизб аз як нафар роҳбар иборат набошад. ҲДТ 11 аъзои Шӯрои сиёсӣ дорад, собиқадорону фаъолони ҳизб ва боз дигар аъзои ҳизб ҳастанд, ки бояд бо ҳамаашон робита барқарор кард.
Имрӯз 7 нафар аз 11 аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб маро ҷонибдорӣ карда, раис интихоб карданд. Минбаъд, агар ман фаъолияти хуб нишон надодам, нафари дигаре ҳам метавонад бо аъзои Шӯрои сиёсӣ ҷаласа баргузор карда, маро иваз кунад. Инро на оиннома ва на қонунгузории кишвар манъ накардааст.
Такя ба ҷавонон
- Шумо ҷавон ҳастед ва таҷрибаи роҳбарии ҳизбро надоред. Бовар доред, ки ба фарқ аз Усмонзода, вазифаю мақсадҳои дарпешгузоштаи ҳизбро иҷро мекунед?
Справка по теме
Шаҳбози Аброр соли 1990 дар шаҳри Левакант таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети журналистикаи ДМТ ва ҳоло донишҷӯи факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунӣ мебошад. Дар китобхона ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзномаҳои “Истиқлол”, “Муҳоҷир” ва “Ҷумҳурият” кор кардааст. Вакили ҲДТ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва аз соли 2021 то апрели соли 2024, сардори шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии “Тоҷикфилм” будааст. Аз 15-уми апрели соли 2024 ба ҳайси директори КВД “Маркази дӯстӣ”-и ҳукумати Душанбе кор мекунад. Муассиси нашрияи “Истиқлол” ва маҷаллаи “Набзи Душанбе” аст. Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.
- Новобаста ба ҷавонӣ, аз соли 2012 дар ҳизб фаъолият мекунам. Аввал раиси созмони ҷавонони ҳизб ва баъдан раиси созмони ҳизб дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2015, вакили маҷлиси вакилони халқи пойтахт будам. То раиси ҳизб интихоб гардидан узви Шӯрои сиёсӣ ҳам будам. Аз нозукиҳои сиёсат низ огоҳ ҳастам. Такя ба мани ҷавон қарори аъзои Шӯрои сиёсӣ буд, ки дар анҷуман пешниҳод шуд ва дастгирӣ ёфт. Кӯшиш мекунам, ба боварӣ сазовор бошам.
- Ҳоло ҲДТ чанд узв дорад?
- Роҳбарияти пешин ҳисоботи гуногун медод. Мо ҳозир ҳуҷҷатгузориро аз сари нав рӯйи даст гирифтаем. Омори дақиқро дертар метавонам пешниҳод кунам. Аммо тибқи оморе, ки ба Вазорати адлия пешниҳод шудааст, узви ҳизб беш аз 80 ҳазор аст.
- Вақте ҳуҷҷатҳои ҳизб ва протоколи анҷумани ахирро ба Вазорати адлия пешниҳод кардед, шуморо барои шарҳи барномаи ҳизб ва фаъолияти минбаъда даъват карданд?
- Мо ҳамаи протокол ва ҳуҷҷатҳоро аз анҷуман ва маҷлиси Шӯрои сиёсӣ ба Вазорати адлия пешниҳод кардем. Чанд маротиба даъват карда, масъалаҳоеро, ки баҳсталаб буданд, баррасӣ карданд. Ҳуҷҷатҳои аъзои Шӯрои сиёсиро, ки дар анҷуман иштирок карда, овоз доданд, низ пешниҳод кардем. Онҳо муфассал омӯхтанд ва 31-уми май посух доданд, ки маро чун раиси нави ҳизб ба қайд гирифтаанд.
- Аксари онҳое, ки дар анҷумани ахир ширкат доштанд, ҷавонон буданд. Усмонзода даъво дорад, ки онҳо на аъзои ҳизб, балки донишҷӯёне буданд, ки аз донишгоҳ оварданд. Воқеан, он ҷавонон аъзои ҲДТ буданд?
- Он ҷавонон дар асоси ариза ба ҳизб қабул шудаанд. Мо ҳам хостем ба ҷавонон такя кунем.
Қабл аз баргузори анҷуман дар минтақаҳо конфронсҳои ҳизбиро баргузор кардем, то вакилон пешниҳод шаванд. Онҳое ҳам, ки дар анҷуман ширкат доштанд, ҳамчун вакил рӯйхат ва эътироф шуда буданд.
Нақшаҳо барои оянда
- Ҳоло, ки раиси ҲДТ эътироф шудед, чӣ нақшаву барнома доред?
- Ҷоннок кардани фаъолияти ҳизб нақшаи аввалиндараҷаи ман аст. Дар баробари ин, бо ҳар як узви Шӯрои сиёсӣ, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб сӯҳбат карда, дилашонро ба ҳизб ва фаъолияти он гарм кардан мехоҳам. Чунки қисми зиёди онҳо ба ормонҳои ҳизб содиқанд, вале бетаваҷҷуҳӣ дили онҳоро сард кардааст. Яъне мо ҳизбро аз ҳолати парешоне, ки дорад, берун бароварданием.
Мехоҳем, ки ҳизбро дар муборизаҳои сиёсӣ низ фаъол ва шумораи курсиҳоямонро дар парлумон зиёд кунем. Дар баробари ин, мехоҳем дар маҷлисҳои халқии вакилони шаҳру ноҳияҳо ширкат кунем, чунки айни замон онҳо тамоман фаъол нестанд.
- Усмонзода тибқи рӯйхати ҳизбӣ вориди парлумон шудааст. Ӯ бозхонд нахоҳад шуд?
- Дар ин масъала то ҳол мо мавқеи хешро иброз накардаем. Вале раиси собиқ ба мавқеи собиқадорон ва аъзоёни Шӯрои сиёсии ҳизб мухолифат дорад ва қарорҳои анҷуманро қабул надорад. Айни замон мо намехоҳем Усмонзодаро бозхонд кунем. Агар одоби сиёсиро хуб риоя кунад, бигзор фаъолияташро пеш барад. Аммо ӯ бояд воқеиятро қабул кунад, зеро қабули воқеият нишони ҷавонмардӣ аст.
- То интихоботи парлумонӣ як соли дигар боқӣ мондааст. Бо чӣ барнома мехоҳед дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок кунед?
- Он барномаеро, ки қаблан доштем, тарафдорӣ мекунам. Айни замон тағйироте дар барномаи корӣ ва оинномаи ҳизб ворид накардаем ва зимни ҷаласаҳои баъдии Шурои сиёсӣ дар ин хусус тасмим мегирем.
Мухолифат бо ҳукумат ё “ҳизбӣ киссагӣ”?
- ҲДТ дар баробари ҲХДТ як ҳизби мухолиф ва даъвогари курсии президентӣ аст?
- Ҳар як ҳизб ин ҳадафро дорад. Вақте ҳизб таъсис додем, албатта ҳадаф ин мухолифат бо ҳукумат аст. Яъне мухолифати мавқеъгирӣ, вале барномаҳо метавонанд якранг бошанд. Аммо он масъалаҳое, ки ба талаботи ҳизби мо созгор нест, пешниҳод мекунем, ки таҷдиди назар шавад. Ва мавқеи мо ҳамчун як ҳизби мухолиф ба инобат гирифта шавад. Мо хоҳиши иштирок дар интихоботҳои президентӣ ва парлумониро ҳам дорем.
- Гуфтед, таҷрибаи 12-солаи фаъолияти сиёсӣ доред. Метавонед гӯед, ки ба чӣ қарор ва барномаҳои ҳукумати феълӣ розӣ нестед?
- Ман дар баробари раиси ҳизб будан, расонаи худамро ҳам дорам. Дар он ҷо ҳар як камбудие, ки ҳаст, баррасӣ мешавад. Мушкилиҳое, ки дар мақомоти давлатӣ дида мешавад, дар расонаи мо баррасӣ мегарданд, ки ин метавонад бозгӯи мавқеи ман бошад.
Масъалаи маҳви фасод ва бюрократия дар идораҳои давлатӣ аз барномаҳои ман метавонад бошад. Бо вуҷуди он ки ҳукумат ниҳоди мубориза бо фасод дорад, мо барои беҳтар шудани фаъолияти ин ниҳод пешниҳодҳо дорем.
- Дар ҷомеа, ба ғайр аз ҲХДТ, дигар ҳизбҳо ҳамчун “ҳизби кисагӣ” унвон мешаванд. Метавон гуфт, ки ҲДТ ба қатори ҳамин ҳизбҳо дохил буд?
- Шояд баъзе масъалаҳое бошанд, ки бо ҳизби ҳоким мо назари якранг дошта бошем. Дар ин сурат наметавон гуфт, ки мо “ҳизби кисагӣ” ҳастем. Ҳар як ҳизб ба хотири зиндагии шоистаи халқ мубориза мебарад. Аммо роҳу равиши ҳар як ҳизб фарқ мекунад. Ҳеҷ кас зарари мардуми кишварашро намехоҳад. Ҳамаи ҳизбҳо метавонанд мақсади ягона дошта бошанд, вале роҳи расидан ба ин ҳадафҳо метавонад фарқ кунад.
Шояд сабаби “ҳизбҳои кисагӣ” ном бурдани баъзе ҳизбҳо надоштани пешниҳод ва барномаҳои корӣ бошад. Вале ҲДТ “ҳизби кисагӣ” нест.
Рақиби эҳтимолии Рустами Эмомалӣ?
- Тибқи қонун соли 2027 дар Тоҷикистон бояд интихоботи президентӣ баргузор шавад. Гуфтугузор ҳаст, ки шояд интихобот пештар аз муҳлат баргузор гардад. Аммо дар ҳар ду ҳолат, аксари коршиносон аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба ҳайси даъвогари аслии курсии президентӣ зикр мекунанд. Ҳадс зада мешавад, ки интихоби шумо ба курсии раиси ҲДТ ҳам ба хотири муаррифии рақиби ҷавон дар баробари шаҳрдори пойтахт аст. То куҷо ин гуфтугузорҳо дуруст аст?
- Вақте як тағйирот мешавад, дар кадом самте набошад, ҳама дасти касеро дар он дидан мехоҳанд. Дар ҷомеаи рӯзноманигорӣ ҳам вақте як матлабро омода мекунӣ, мегӯянд, ин фармоишӣ аст. Яъне мо аз ҳар чиз як камбудӣ ҷустан мехоҳем ва инро қабул карда наметавонем, ки ин хостаҳои ҳамин нафар аст.
Ҳадафи ҳизб дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок кардан аст. То ин ки мавқеи ҳизб нишон дода шавад ва пешниҳодҳои аъзои ин ҳизб ба назар гирифта шаванд. Дар кадом чорабинии сиёсие, ки мешавад, ҲДТ намояндаи худро пешниҳод мекунад. Он нафар ман бошам, ё каси дигар, Шӯрои сиёсӣ муайян мекунад. Тахмине, ки шумо зикр кардед, шояд воқеият дошта бошад ва шояд ҳам надошта бошад.
Гуфтугузорҳо дар бораи пешниҳоди номзадии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентӣ аз соли 2016 идома дорад. Барои чӣ ин кор дар пешорӯи интихоботҳои қаблӣ нашуд ва ҳозир, вақте ман раиси ҲДТ шудам, мешудааст? Биёед воқеъбин бошем. Гирди ҳар нафаре, ки фаъолият мекунад, гумонзаниву тахминзаниҳо вуҷуд дорад. Барои чӣ андеша намекунем, ки ин хостаҳои Шӯрои сиёсии ҳизб буд?
- Яъне пушти ин буҳроне, ки сари ҲДТ омад, касе нест?
- Ман ягон нафарро надидам. Ин чизро ҳам тахминзании хушку холӣ медонам.
- Шумо бо барнома ва оинномаи ҳизб ошноед. Ба чӣ хулоса омадед, дар барнома чиро бояд иваз кард?
- Ҳангоми таҳияи оинномае, ки айни ҳол мавҷуд аст, ман ҳам иштирок доштам. Ойинномаи ҳизб аз соли 2013 тасдиқ шудааст. Ман бошад, аз соли 2012 аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб будам ва барномаи кунуниро созгор ба фаъолиятамон медонам. Вале дар ҷомеаи сиёсии имрӯзаи кишвар бештар фаъол будан муҳим аст, барои ҳамин мо мехоҳем фаъолтар бошем. Тағйири роҳбарият дар ҳизб ин ягон фоҷеа нест. Ҳамон барнома, ҳамон ойиннома ва ҳамон ҳизб боқӣ мемонад.
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста