Дирӯз, 22-юми октябр, дар Душанбе бо ширкати сафирон, намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) ва коршиносон ҳамоиши ахири дар шаҳри Тянзини Чин баргузоршуда натиҷагирӣ шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони дипломатии зиёда аз 10 кишвари аъзо ва нозирони СҲШ, аз ҷумла сафирони давлатҳои Чин, Белорус, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Инчунин, котиби кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев бо паёми наворӣ суханронӣ кард.
Дар ин нишаст, ки дар бинои Академияи идораи давлатӣ гузашт, ба мавзӯъҳои терроризму экстремизм ва таъмини амнияти киберӣ таваҷҷӯҳи хосса равона шуд.
Натиҷагирӣ аз “бузургтарин ҳамоиши СҲШ”
Даврон Сафарзод, ректори Академияи идораи давлатӣ ва директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамоиши аввали сентябри соли 2025 дар Тянзин баргузоршуда, бо ташаббусҳои пешниҳодшудааш “бузургтарин симмит дар таърихи созмон” буд.
Ӯ зикр кард, қарорҳои қабулшуда дар Тянзин нишон медиҳанд, ки СҲШ ҳамчун сохтори байналмилалии стратегӣ ҳадафҳои худро барои даҳсолаи оянда муайян сохтааст.
Нурлан Ермекбаев, котиби генералии Созмони ҳамкории Шонгҳой дар паёми навории худ гуфт, ки дар ҳамоиши 25-уми СҲШ дар Тянзин роҳбарон ва намояндагони 24 давлат ва сардорони мақомоти иҷроияи 10 созмони байналмилалӣ иштирок карданд.

Котиби генералӣ хотирнишон кард, ки дар соҳаи амният қадами муҳим гузошта шуд, созишномаҳо имзо гардида, сохторҳои нави ихтисосии амниятӣ фаъол карданд. Ӯ минҷумла аз Маркази зиддимухаддироти СҲШ дар Душанбе ва Маркази ҳамагонии мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Тошкант ном бурд.
Ба гуфтаи Ермекбаев, ин марказҳо барои муқобила бо таҳдидҳои ҷиддӣ, аз ҷумла савдои ғайриқонунии маводи мухаддир, экстремизм ва терроризм, нақши муҳим бозӣ хоҳанд кард.
Ташаббусҳои муҳимми пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоиши Тянзин, аз ҷумла эҷоди платформаи рақамии ягонаи СҲШ барои идораи ҳамлу нақлии бисёршакла, ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар бахши аграрӣ ва баргузории Форуми ҷавонони кишварҳои СҲШ дар Тоҷикистон дар соли 2026, диққати давлатҳои узвро ҷалб кардааст.
Го Чжизюн, сафири Чин дар Тоҷикистон таъкид кард, ки давоми соли гузашта кишвараш ҳамчун раёсати СҲШ беш аз 100 чорабинӣ баргузор кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши Тянзин стратегияи 10-солаи рушди СҲШ-ро таҳия кард ва қарори сиёсии таъсиси Бонки рушди СҲШ-ро қабул намуд. Вай инчунин дар бораи 4 маркази амниятӣ ва 6 платформаи ҳамкории амалӣ ва 6 нақшаи амал барои рушди босифат сухан ронд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм
Виктор Денисенко, сафири Белорус дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш пайваста ташаббусҳои СҲШ-ро дар мубориза бо терроризм, таҳдидҳои киберӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ дастгирӣ менамояд.
Вай зикр кард, ки созмон аллакай ба он сатҳи ҳамгироӣ расидааст, ки масъулияти фаъолро дар пешгирии низоъҳо ва пешбурди муколамаи осоишта ба зиммаи он гузоштан мумкин аст.
Сафири Қазоқистон Валихон Туреҳонов дар бораи ташаббуси президенти кишвараш Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар бораи таъсиси Форуми экспертии СҲШ дар бораи зеҳни сунъӣ ва баргузории аввалин вохӯрии он дар Остона дар асоси форуми "Digital Bridge" маълумот дод.
Формати СҲШ+
Сафири Покистон Муҳаммад Саид Сарвар дар ин нишаст зикр кард, ки ҳамоиши Тянзин сохтори СҲШ-ро мукаммалтар сохт.
“Ислоҳоти асосӣ якҷоя кардани категорияҳои "Нозир" ва "Шарики гуфтугӯ" ба як мақом, яъне "Шарикони СҲШ", муаррифии формати СҲШ+ ва илова кардани забони англисӣ ҳамчун забони расмии корӣ мебошад”, - гуфт ӯ.

Рашид Олимов, профессори Академияи идораи давлатӣ зикр кард, ки ҳамоиши Тянзин дар давраи беҳад мураккаб ва ташвишовар барои ҷомеаи байналмилалӣ баргузор гардид.
Олимов таъкид кард, ки СҲШ боз як маротиба самаранокии кори худро ҳамчун платформаи гуфтугӯи баробарҳуқуқ, эътимод, эҳтиром ва ҷустуҷӯи қарорҳои мутавозин нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Тянзини Чин аз 31-уми август то 1-уми сентябри соли 2025 баргузор гардид.
Дар натиҷаи он "Эъломияи Тянзин" ва "Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035" қабул гардида, қарор дар бораи таъсиси Бонки рушди СҲШ ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният ва иқтисоди рақамӣ тасдиқ шуд.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста