Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари кории серӯза ва барои иштирок дар иҷлосияи «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» ба пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона рафт.
Тавре аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, фардо дар кори иҷлосияи 7-уми вазирони умури хориҷии «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» Ҳамрохон Зарифӣ маърӯза хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари корӣ вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ бо ҳамтоҳои худ аз давлатҳои Корея, Қатар, Қувайт ва Баҳрайн мулоқот хоҳад орост.
Зикр гардид, ки Ҳ.Зарифӣ инчунин дар дар Ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои мусалмонӣ ва давлатҳои ғарб таҳти унвони «Ҷаҳони умумӣ: рушду тавсеъа тавассути тарзу шаклҳои гуногун» низ ширкат хоҳад варзид. Ин ҳамоиш 17-уми октябр дар шаҳри Остона ба кор шурӯъ мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар кори иҷлосия ширнкати вазирони умури хориҷии 30 кишвари дунё дар назар аст. «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё»
соли 2002 таъсис ёфта, Тоҷикистон 4 сол пеш ба узвияти он пайвастааст.
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста