Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт аз мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Шоҳзода Карим Оғохони
IV
- ро бори дигар дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат оид ба натиҷаҳои сафари Шоҳзода Карим Оғохони
IV
ба пойтахт ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтугӯ сурат гирифт.
Шоҳзода Карим Оғохони
IV
аз пазироии хуши роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз натиҷаҳои сафари худ ба кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карда, президенти Тоҷикистон баҳри таваҷҷӯҳи хосааш арзи сипос намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони
IV
барои кӯмакҳои то имрӯз ба Тоҷикистон расонда ва нақшаҳои судманди ояндааш арзи сипосу миннатдорӣ кард.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.
Бо риояи расми накӯи меҳмоннавозии тоҷикон сарвари давлат ба Шоҳзода Оғохони IV қабл аз парвози ӯ аз сарзамини Тоҷикистон як ҷомаи миллӣ пӯшонд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста