Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши нахустини раисони пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё озими шаҳри Теҳрон шуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори форум беш аз 40 раиси пойтахтҳои давлатҳои Осиё, инчунин, намояндагони 30 кишвари нозир ва 17 мамлакати аврупоӣ ва Амрикои Лотин ширкат меварзанд. «Ҳадафи ин ҳамоиш - ба роҳ мондан ва густариши муносиботи ҳамкорӣ миёни пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ мебошад», - гуфт Ш.Саидов.
Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин сардори раёсати ободонии шаҳри Душанбе Акбар Фаёзов ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт Дилшод Қурбонов шомиланд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи ахбори интишорнамудаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи кори Ҳамоиш Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии ин кишвар доктор Алӣ Лориҷонӣ иштирок хоҳанд кард.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста