Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи боздид аз Украина бо президенти ин кишвар - Виктор Юшенко дидору гуфтугӯ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар поёни вохӯрӣ сарони давлатҳо ба ҳамдигар мукофотҳои давлатӣ месупоранд. Зимнан Виктор Юшенко Эмомали Раҳмонро бо ордени шоҳзода Ярославли Мудрий дараҷаи 1 ва аз сӯи худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои украиниашро бо ордени Исмоили Сомонӣ сарфароз мегардонанд.

Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки баъди анҷоми мулоқоти расмӣ роҳбарони ду кишвар зери 8 санади байнидавлатӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар, сайёҳиву сиёсати ҷавонон, кишоварзӣ, инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Украина ва Тоҷикистон то соли 2012 имзо хоҳанд гузошт.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Украина Юлия Тимошенко низ дар назар гирифта шудааст.