Дашенбе. 7-ми апрел. «Азия-Плюс» - | Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ субҳи имруз ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар кард. Вазир дар вохӯрии вазирони «сегонаи» ИА – Осиёи Марказӣ, ки интизор аст имруз дар Тошканд баргузор гардад, ширкат меварзад.
Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд, нақша аст дар баробари ширкат дар чорабинии зикршуда Зарифӣ инчунин вохӯрии дуҷониба бо вазири корҳои хориҷаи Маҷористон, ҷаноб Янош Мартонӣ баргузор намояд. Маврид ба зикр аст, ки Маҷористон давлатест,ки дар нимсолаи аввали соли 2011 дар ИА вазифаи раисиро ба душ дорад.
«Дар рафти вохури дар Тошканд нақша аст дурнамои рушди муносиботи ИА ва давлатҳои манотиқи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи амалисозии Стратегияи нави мушорикати ИА бо Осиёи Марказӣ ва инчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва манотиқи дар бахши энергетика, муҳити зист, истифодаи манобеи обӣ, таъмини бехатарии марз ва мубориза бо маводи мухаддар баррасӣ шаванд», - хабар медиҳад ВКХ.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста